Конибодом: Вусъати ҷамъоварӣ ва коркарди пахта

Пахтакорони заҳматкаши шаҳри Конибодом соли равон тасмим гирифтаанд, ки 13 ҳазору 300 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ - пахта рӯёнанд. Ба санаи 27-уми октябр дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр беш 12 ҳазор тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 90 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Деҳқонону ҳашарчиён ба ҳисоби миёна рӯзе то 2 фоизи нақша, яъне зиёда аз 260 тонна пахта мечинанд. Конибодом дар ҷадвали мусобиқаи меҳнатии байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор дар ҷойи дуюм, баъди ноҳияи Мастчоҳ қарор дорад.

Дар ин радиф дар 6 корхонаи пахтатозакунии шаҳр коркарди ашёи пурқиммати саноатӣ вусъати тоза гирифтааст. Тавре ба мо аз шӯъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав- латии шаҳр иттилоъ доданд, ба санаи 27-уми октябр деҳқонон ба нуқтаҳои қабул зиёда аз 12 ҳазор тонна «тиллои сафед» супоридаанд, ки аз ин миқдор зиёда аз 6 ҳазор тоннаи он аз коркарди саноатӣ баромадааст. Аз ин миқдор наздик 3 ҳазор тонна нах, зиёда аз 4000 тонна чигит ва дигар маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзӣ, миқдори аз ҳама зиёди пахтаро дар заводи пахтаи «Конибодом-коттон» - зиёда аз 3 ҳазор тонна захира кардаанд.

Дар ҷойи дуюм ҶС «Ҳабиб» меистад, ки дар нуқтаҳои қабули ин корхона зиёда аз 2000 тонна пахта захира шудааст. ҶДММ «Некрӯзҷон» бошад, дар захираи пахта ҷойи сеюмро ишғол кардааст. Вусъати коркарди пахта, хусусан дар ҶДММ «Конибодомкоттон» хуб аст, ки дар ин коргоҳ анқариб тамоми пахтаи воридшударо аз коркард гузаронидаанд. Дар ҷодаи баромади нах бошад, низ ин коргоҳ пешдастӣ дорад, ки аз 1 тонна ашёи хом то 370 кило нах ба даст оварда истодааст.

Дар ҶДММ «Пахтаи Ориё» низ аз ҳар тонна пахта то 370 кило нах руёнида истодаанд, ки бино ба гуфти мутахассисони соҳа, нишондиҳандаи хуб аст.

Дар маҷмӯъ, дар вилоят имрӯзҳо чиниши пахта бомаром идома дошта, тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба санаи 27-уми октябри соли равон хирмани вилоят 103 ҳазору 654 тонна дурри гаронбаҳоро ташкил мекунад, ки 80 фоизи дурнамо мебошад.

 Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh