Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 390 тонна маҳсулот пешниҳоди сокинон гардонида шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 ноябр дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон ва Бӯстон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, бо мақсади таъмини сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон танҳо дар моҳи ноябри соли равон панҷ маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Тавассути ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатӣ наздик 300 тонна картошка, пиёз, сабзӣ, сабзавот, биринҷ, равған, меваҳои гуногун, шакар, орд, намак, асал, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, маҳсулоти гӯтиву қаннодӣ пешниҳоди сокинон гардид.

15 ноябр низ дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ идома ёфт ва дар ин рӯз 90 тонна маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh