Зафармандони шуҳратёри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

16 ноябри соли 2020 зафармандони шуҳратёри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истеҳсоли 18250 тонна пахта нақшаи солонаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода имрӯз “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кишоварзони ноҳия дар соли 2020 ба майдони 8400 гектар пунбадона кишт намуда, уҳдадор гардида буданд, ки ба хирмани Ватани азизамон 18200 тонна пахта супоранд. Деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзӣ аз сидқи дил меҳнат карда, тавонистанд, ки нақшаи пахтасупориро бо сари баланд таъмин намоянд.

Дар натиҷаи меҳнати фидокорона ба деҳқонон муяссар гардид, ки то имрӯз ба хирмани Ватан 18250 тонна пахта супорида, нақшаро 100,3 дарсад иҷро намоянд”.

Ёдовар бояд шуд, ки қабл аз ин навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Спитамен нақшаро пурра иҷро намуда буданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh