ЗАХИРАИ ТУХМИИ КАРТОШКА ОЁ КОФИСТ?

Ба даст овардани ҳосили фаровони ҳама намуди зироатҳои кишоварзӣ аз истифодаи тухмии хушсифату серҳосил вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, кишоварзон пеш аз ҳама, кӯшиш мекунанд, ки аз тухмиҳои серҳосил истифода намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Имрӯз дар миқёси вилоят ҷамъоварии ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус ҷамъоварии картошка дар арафаи анҷомёбист. Ин аст, ки то аввали моҳи ноябр дар вилоят беш аз 350 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Деҳқонони соҳибтаҷриба картошкаро ба намудҳои гуногун ҷудо намуда, аз он беҳтаринашро барои тухмӣ нигоҳ медоранд.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят то 1- уми ноябри соли равон дар вилоят 60 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар миқёси вилоят се хоҷагии деҳқонии тухмипарвари картошка фаъолият дошта, дар ноҳияи Деваштич ҷойгиранд. Ин ноҳия дар самти кишту парвариши картошка дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Тухмиҳои серҳосил аз ин маҳал ба ноҳияҳои картошкапарварӣ дастрас гардида, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.

самти таъмини бозори дохилии кишвар бо картошкаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза низ саҳми ноҳия басо назаррас аст.

Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич Камол Юсуфов, то имрӯз дар ноҳия дар 5400 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, 126 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, аз он 55 ҳазор тонна тухмӣ барои кишти соли оянда захира шудааст. - Аз захираи тухмии мавҷуда 20 ҳазор тоннааш барои кишоварзони ноҳия кифоя буда, боқимонда 30 ҳазор тоннааш барои картошкапарварони шаҳру навоҳӣ пешбинӣ шудааст. Кишоварзони ноҳияҳои ҷануби кишвар низ алҳол барои харидории тухмии картошка ба ноҳия омада, онро харида истодаанд, - гуфт мавсуф. Хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарвари «Ҳотам Қурбонов» - и деҳаи Басманда, «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ ва Хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо ҳамасола тухмии хушсифати картошкаро ба фурӯш мебароранд. Захираи картошка ва тухмии он дар ин хоҷагиҳо ба таври хоса ба роҳ монда шуда, он то аввалҳои фасли баҳор нигоҳ дошта мешавад. Хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Овчӣ - Ғончӣ» - и деҳаи Овчӣ бошад, дар истеҳсол ва парвариши картошка дар миқёси кишвар шӯҳрат дорад.

Зеро заминҳои хоҷагии мазкур дар саргаҳи оби худҷорӣ қарор дошта, иқлимаш барои истеҳсоли картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад. Бино ба иттилои роҳбари хоҷагии мазкур Сангин Сангинов, аз 290 гектар замини киштшуда беш аз 8700 тонна картошка истеҳсол гардид, ки аз ин 1450 тонна чун тухмӣ барои кишти соли 2021 нигоҳ дошта шудааст.

 Саҳмдорони хоҷагии мазкур дар анборҳои худ беш аз 3 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои «Алладин», «Нуринисо» ва «Кардинал» - ро нигоҳ медоранд. Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии тухмипарвари «Хӯҷаҳо» - и деҳаи Хӯҷаҳо бошанд, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Дар хоҷагӣ имсол дар майдони 229 гектар кишти картошка гузаронида, 7557 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, ки аз ин 1889 тоннаро барои кишти соли 2021 захира намудаанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh