ҲАДАФ: АФЗУН НАМУДАНИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ

Дар ноҳияи Айнӣ парвариши чорвои калони шохдор, яъне қутос низ ба роҳ монда шудааст. Мухбирамон бо сардори идораи кишоварзии ноҳияи Айнӣ Мансур Носиров ҳамсуҳбат гашта, ҷиҳати хусусиятҳои хоси парвариши қутос, ҳамчунин дигар самтҳои соҳаи кишоварзии ноҳия пурсон шуд.

-Парвариши қутос дар ноҳия аз соли 2008-ум ба роҳ монда шудааст. Алҳол саршумори ин навъи чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1049 сар расонда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 сар зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 781 сар қутос парвариш ёфта, боқимонда ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ доранд. Соҳаи қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва даромадовар маҳсуб меёбад, зеро қутос бештар дар баландкӯҳҳо умр ба сар бурда, ба ҳавои сард мутобиқ аст ва зимистонгузаронии он ташвиши зиёдро талаб намекунад. Хӯроки ин чорво асосан алафҳои худрӯи кӯҳӣ буда, барои ин намуди чорво хеле кам хӯрока захира карда мешавад. Гӯшти қутос парҳезӣ буда, он асосан дар бозорҳои шаҳраки Сарводаи ноҳия ба фурӯш бароварда, ба сокинон пешкаш карда мешавад.

Тибқи барнома, парвариш ва нигоҳубини қутос дар ноҳия ба роҳ монда шуда, сол аз сол шумораи он афзун гашта истодааст. Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ сол ба сол рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла 2068 сар моли калони шохдор парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 29 сар зиёд аст. Аз моли калони шохдори наслдеҳ 329 сар насл гирифта шуд, ки назар ба соли гузашта 15 сар зиёд аст. Саршумори моли майда 21655 сарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 319 сар изофа мебошад. Наслгирӣ аз моли майда 6490 сарро ташкил дода, 101 фисади нақша аст. Захираи хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳам хоҷагиҳои аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, то имрӯз 72 042 тонна захира гардидааст, ки аз ин миқдор 40682 тоннааш ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд ва нисбат ба соли гузашта 118 тонна зиёд мебошад. Агар бо воҳиди хӯрока ҳисоб кунем, 2735 воҳиди хӯрока тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ҳамчунин соли равон дар майдони 548 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуд. Дар хоҷагиҳои аҳолӣ ба 1016 гектар ин намуди зироат кишт карда шуд, Ҳам дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳам аҳолӣ имсол майдони кишти картошка васеъ карда шуда, нисбат ба соли гузашта 236 гектар бештар аст. Истеҳсоли картошка дар маҷмуъ 19 620 тоннаро ташкил дод, ки аз ин миқдор 11 936 тоннааш ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия рост меояд ва нисбат ба соли гузашта 1399 тонна зиёдтар истеҳсол карда шудааст. Кишти сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, помидор, карам ва дигар намудҳо имсол нисбат ба соли гузашта панҷ гектар афзун гардонда шуда, то имрӯз 1669 тонна сабзавот ҷамъ оварда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 208 тонна бештар аст.

Мувофиқи Барномаи рушди соҳаи боғпарварӣ барои солҳои 2016-2020, нақша доштем, ки бояд 35 гектар боғи нав бунёд намоем. То имрӯз бошад, 41 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки аз ин беш аз 10 гектар боғи интенсивии олу, олуча ва зардолу мебошад, - гуфт М.Носиров. Ноҳияи Айнӣ бо меваҳои шаҳдбори себ, нок, олу, зардолу шафтолу, чормағз шӯҳрат дорад. Вале имсол бо сабаби хунукиҳои моҳи апрел рухдода ҳосили мева табъи дил нашуда, танҳо 82 тонна ҳосили себ ба даст оварда шуд. Хоҷагидорони ноҳия баҳри бо нишондиҳандаҳои беҳтарин истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу ғайрат карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳоро назаррас ва истеҳсоли маҳсулотро афзун намоянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh