Ҳадаф - сайқали кордонӣ ва омӯзиши таҷрибаи ғанӣ

Семинар – машварати вилоятӣ

Дар шаҳри Конибодом семинар – машварати вилоятӣ доир ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи тадбирҳои фаровонҳосилӣ дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, деҳқонони соҳибтаҷриба ва олимону мутахасисон ширкат варзиданд.

Кишоварзони соҳибтаҷриба ва олимону мутахассисони соҳа ба иштирокдорони семинар – машварат роҷеъ ба усулҳои манфиатбахш ва омилҳои хуби фаровонҳосилӣ, аз қабили яхобмонӣ, шӯршӯии замин, парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо, кишти зироатҳо ва риояи қоидаҳои агротехникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар қисмати амалии семинар – машварат ба кишоварзону масъулони соҳа дар қитъаи замин тарзу усулҳои мусоидаткунанда ба боздеҳи хуби замин, аз ҷумла гузаронидани яхобмонӣ, кишти картошка, нигоҳубини ниҳолҳо нишон дода шуд. Таъкид шуд, ки бояд роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба тозакунии заҳбурҳо низ аҳамияти хоса зоҳир намуда, шудгори заминҳоро дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд.

Қисми назариявии семинар – машварати вилоятӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа ва олимон роҷеъ ба масъалаҳои умдаи соҳаи кишоварзӣ, бахусус гузаронидани тадбирҳо дар давраи зимистону аввали баҳор, ки барои деҳқонону боғдорон мавсими муҳими оғози корҳои саҳроӣ мебошад, маълумоту гузоришҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар семинар – машварати вилоятӣ муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ иштирок намуда, изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ мусоидат ба рӯёнидани ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва оби полезӣ мебошад.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh