Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем»

12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем»-и Ҷамоати деҳоти Навгилем шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» соли 2009 пас аз таҷдиди хоҷагии калонҳаҷми Кооперативи истеҳсолии хоҷагии ҷамоавии ба номи З.Ҳасанов таъсис ёфтааст.

Дар хоҷагӣ 913,05 гектар заминҳои кишоварзӣ, аз он 271,03 гектар замини корами обӣ, 629,91 гектар боғот (597,71 боғи дарахтони донакдор, 32,2 гектар боғи тухмидор ва 12,11 гектар токзор) мавҷуд буда, дар самти ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ дастовардҳо сол аз сол афзун гардида истодааст.

Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» ба шабакаи хоҷагиҳои зотпарвар шомил карда шуда, дар хоҷагӣ 427 сар чорвои хушзоти сиёҳу алои тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Сол аз сол дар хоҷагӣ саршумори чорвои хушзот зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 01.12.2020 дар хоҷагӣ истеҳсоли шир 471,8 тонна ва гӯсолагирӣ 136 сарро ташкил медиҳад.

Дар ин рӯз барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семинари омӯзишӣ ташкил гардида, барои афзун намудани саршумори чорво, аз ҷумла чорвои хушзоти сиёҳу ало, бордоркунии сунъӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир тавсияҳо дода шуд.

Дар идома Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Чоркӯҳ”-и Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ боздид намуд.

Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Чоркӯҳ” 292 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии заминҳои боғот бошад 416 гектар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh