Деваштич: Дастоварди шоистаи кишоварзон

Ноҳияи Деваштич аз ҳисоби картошкаи истеҳсолкардаи хеш дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчун ноҳияи пешсаф эътироф шудааст. Кишоварзони ноҳия мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, майдони кишти картошкаро соли ҷорӣ зиёд намуда, дар натиҷа 126 000 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Мувофиқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Камол Юсупов, аз ҳосили имсола 35 000 тонна барои тухмӣ ҷудо шуда, аз ин 15 000 тоннаро ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сифати тухмӣ содирот хоҳад шуд. Соли ҷорӣ ба 5400 гектар замин картошка кишт карда шуда ва соли оянда онро ба 6415 гектар расониданианд. Картошка асосан дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия кишт карда шуда, даромади асосии аҳолиро ташкил медиҳад. Соли оянда бошад, дар минтақаҳои поёнии ноҳия, яъне ҷамоатҳои Яхтан ва Ғазантарак низ кишти картошка васеъ ба роҳ монда мешавад.

 Ноҳия дар умум дорои 36 000 гектар замини корам буда, ин заминҳо тавассути ҷӯйҳои худҷорӣ бо об таъмин карда мешаванд. Солҳои охир таҷрибаи сбунёди чоҳҳои амудӣ натиҷаи хуб дода истодааст. Сол ба сол шумораи чоҳҳои амудӣ меафзояд. Дар як худи ҷамоати Яхтани ноҳия соли ҷорӣ 17 чоҳи амудӣ сохта шуд, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Ин ташаббусҳо имконият медиҳанд, ки заминҳои бекорхобида ва лалмӣ ба киштзор табдил дода шуда, барои некӯаҳволии мардуми ноҳия хизмат расонад. Анқариб 12 000 гектар замини лалмӣ дар ноҳия, ҳазорсолаҳо инҷониб бекор хобидааст. Мувофиқи лоиҳаи Даҳкатсой-Даҳанасой, ки барои мардуми ноҳия тақдирсоз аст, ин заминҳои ташналаб бояд обёрӣ карда шаванд.

Дар ноҳия ҳамагӣ 2 512 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Дар ин бахши фаъолият аз ҳисоби зиёд будани хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалаҳои ҳалталаби зиёде кишоварзонро пеш меояд. Яке аз чунин муаммоҳо ин зарурати таъсиси ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Зеро дар як худи деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич 517 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мебарад, ки ин хоҷагиҳоро 517 раис роҳбарӣ мекунанд. Сарҷамъ шудани онҳо дар ассотсиатсия ҳам таъмини об ва ҳам супоридани ҳисоботи гуногунро ба танзим медарорад. Тасаввур кунед, ки ин 517 хоҷагӣ аз як деҳа барои таъминот бо оби полезӣ ба чӣ гуна муаммоҳо рӯбарӯ мегарданд.

Инчунин, мувофиқи барномаи Фонди байналмиллалии рушди кишоварзӣ, (ФБРК), ки алҳол 24 деҳаи ноҳияро фаро гирифтааст, ин деҳаҳо бо плугҳои шудгоркунӣ таъмин карда шуда, дар назар аст, ки соли оянда ба ин деҳаҳо 10 адад трактор ва 8 адад комбайн дастрас карда мешаванд. Дар шароити пандемия дастоварди кишоварзони ноҳия боиси таъмини бозорҳои ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ ва осудагии рӯзгор гашта, бори дигар собит месозад, ки мардуми меҳнатқарини кишоварз яке аз қувваҳои асосии иқтисодии ҷомеаи муосир мебошанд.

Озода НАБИЕВА,

ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh