МИЗОНИ ИҚТИСОДИЁТИ СОҲА

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қарори Раиси вилоят бобати афзун гардонидани саршумори чорвои хушзот дар бозори “”Беҳбудхӯҷа”-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров фестивал – намоиши вилоятии чорвои зотӣ баргузор гардид. Дар баробари афзун намудани саршумор хуштар намудани зоти чорво яке аз роҳҳои асосии рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Ба фестивал – намоиши чорвои зотӣ хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқониву инфиродӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, соҳибкорону шахсони алоҳида намунаҳои беҳтарини чорвои худро пешниҳод намуданд.

Дар фестивал - намоиш 152 сар чорвои калони шохдор, 185 сар гӯсфанду буз, 8 сар асп, 1 сар шутур, 700 парранда, 520 моҳӣ пешниҳод гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Fаффор, намояндагони соҳа аз тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дӯстдорони соҳаи чорвопарварӣ иштирок карданд. Дар фестивал - намоиш модагов ва ҷавонаҳои хушзоти сементалӣ, буққаи наслдиҳандаи зоти тоҷикӣ, модагови сермаҳсули сиёҳалои типи тоҷикӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширдеҳ, асп, парранда, моҳии навъи сазан, пешонапаҳн ва моҳичаҳо, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Бояд изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷророияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати кишоварзии вилоят ва сохторҳои марбутаи он ба соҳаи чорводорӣ эътибори хоса дода, дар вилоят дар доираи “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” амал намуда, баҳри афзун намудани саршумори зоти чорво тадбирҳо андешида мешаванд.

Барои хушзот намудани чорвои ҷамъиятию шахсӣ дар вилоят ҳамчунин 100 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фаъолият менамояд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бошад, ба миқдори 9439 сар чорвои калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда шудааст. Инчунин, барои боз ҳам баланд бардоштани маҳсулнокии чорво Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ аз Ҷумҳурии Беларус 500 воя нутфаи буққаҳои зоти голштинро ба вилоят ворид кардааст.

Ҳамчунин, саршумори чорвои калони шохдор аз ҳисоби зотҳои сиёҳалои намуди тоҷикӣ, зотҳои чорвои Федератсияи Россия, шведӣ, сементалӣ дар истеҳсоли гӯшту шир маҳсулнокии баланд дошта, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ соҳибкорону шахсони алоҳида дар парвариши чорвои калони хушзот соҳиби дастоварду таҷрибаҳои баланд гардидаанд. Барои зиёд намудани саршумор ва хушзоткунии чорво, зиёд намудани нуқтаҳои хушзоткунии сунъӣ чорво мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фестивал – намоиш таъкид дошт, ки вориди чорвои зотӣ ва вояҳо бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд зиёд карда мешавад.

Хушзоткунии чорво бо таври сунъӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати чорво буда, аҳолии вилоятро барои парвариши навъҳои беҳтарини чорвои зотӣ ҳавасманд месозанд. Бояд изҳор намуд, ки мақсади гузаронидани фестивал-намоиши чорвои зотӣ нишон додани дастовардҳои чорводорони вилоят дар парвариши чорво ва баланд бардоштани дараҷаи ҳавасмандии моддии аҳолӣ дар нигоҳубин ва парвариши он аст.

Бояд зикр намуд, ки дар охир ба соҳибони беҳтарин чорвои зотӣ туҳфаҳои Раиси вилоят ва Вазири кишоварзӣ тақдим гардиданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh