Шиносоӣ бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуда, бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоат шинос шуданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой нахуст Маматқулов Эргашбойи 95 соларо аёдат намуда, сипас аз қитъаи замини наздиҳавлигии ин оила боздид карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, оилаи Маматқуловҳо дар ҳавлии худ дар масоҳати 0,054 га замин гармхона сохта, дар он кашниҷу карам, помидору шалғамча парвариш мекунанд ва аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин месозанд. Ин оила ҳамзамон ба нигоҳубини чорво низ машғул буда, барои зимистонгузаронӣ маводи ғизоии зарурӣ захира намудаанд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки бояд ҳар як сокини ноҳия замини наздиҳавлигии худро самаранок истифоба бурда, баҳри таъмини оилаи худ бо маводи ғизоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Дар ин замина таҷрибаи сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда шуд, зеро қариб ҳар як оила гармхонаҳои хурд ташкил кардаву ба меҳнат машғул мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh