Дар Конибодом дар 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар 30 гектар замини бекорхобида боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Конибодом бо рафти бунёди боғи интенсивӣ  ошно шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, боғи интенсивӣ бо истифода аз ниҳолҳои қадпасти зардолу, шафтолу, олу ва бодом, ки натиҷаи селексияи ниҳолпарварони маҳаллӣ аст, бунёд хоҳад шуд. Масоҳати умумии боғи бунёдшаванда 30 гектар буда, дар марҳилаи аввал 12 гектар замини бекорхобида азхуд карда шуда, дар он ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳангоми боздид бо боғпарварон суҳбат намуда, иброз дошт, ки ташкили боғҳои нав бо риояи тавсияҳои олимону мутахассисон ба роҳ монда шавад. Ташкили боғҳои нави интенсивӣ дар Конибодом имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи кишвар афзун гардад.

Дар идома Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшиноние, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов ва шаҳраки Наврӯз сурат гирифт, ширкат варзид. Ҳашарчиён бо мақсади ободу хуррам гардонидани муҳити зист дар канори роҳҳои Хуҷанд – Конибодом ва Конибодом – Ким ниҳолҳои ороишӣ шинониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh