Баракати замин аз меҳри мироб

Саривақту пурра пардохт намудани маблағи оби истифодашуда аз сарчашмаҳои таъмиру омодасозии иншооти ирригатсионӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Давоми соли 2020 хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағи хизматрасонии оби полезиро пардохт намуданд, ки 88 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Асрориддин Шокирӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ чанд вақт инҷониб бо стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ фаъолият дорад. Тибқи ҳисоботи пешакӣ, зиёда аз 8 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба ин ҳисобот ворид ва барои пурраву шаффоф гардидани ҳисоби оби истифодашуда ва пардохт мусоидат менамояд.

Бино ба иттилои номбурда, ин барномаи 1С мебошад, ки он имконият медиҳад, ҳамаи ҳисобу китоб бо мизоҷон ба таври шаффоф ва дақиқ ба роҳ монда шавад. Инчунин, рӯихати истифодабарандагону мизоҷон муайян карда шуда, аз рӯи он корхона ҳар як субъекти истифодабарандаи оби полезӣ бо тарзи алоҳида ҳисобро ба роҳ мемонад. Яке аз тадбирҳои калонҳаҷми ирригатсионӣ тоза кардани канали калони обпартои мавзеи Патар дар шафати болооби обанбори Қайроққум мебошад, ки Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр тадбирҳоро дар ин ҷода мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта оғоз намуда, ин канали чандин сол боз аз кор баромадаро тоза ва барқарор намуданд.

Корҳои тоза кардани заҳбурҳо дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Патар, ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Эргаш Шарифов, Раҷаб Ҳамробоев ҷараён дошта, барои обрасонии боэътимоду кам кардани талафоти оби полезӣ тоза кардани канали калони Фарғона аз тадбирҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои масъулин, ҳамагӣ ба маблағи 1055 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 120 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, ҳолати мелиоративии 150 гектар замин беҳтар карда шуд. Аз ҳисоби маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ 540 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, масоҳати 540 гектар беҳтар гардонида шуд.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 395 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 390 гектар масоҳати заминҳо беҳтар гашт. Миробҳои шаҳри Конибодом фурсатро ғанимат дониста, каналҳоро аз лою партовҳо тоза ва хушсифат таъмир карданд. Натиҷа чунин шуд, ки ба минтақаҳои солҳо обнарасида ҳам об ҷорӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки сарчашмаи асосии обрасонӣ дарёи Исфара, Канали Калони Фарғона аст, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад.

Айни замон корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ, таъмири воситаҳои ченаки об ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ идома дорад. Дар ноҳия 9 пойгоҳи обкашӣ амал мекунад, ки калонтарини онҳо «Маҳрам - 1», «Наврӯз» ва «Нур» обро аз дарёи Сир мекашанд.

Истифодаи пурсамари оби полезии мавҷуда дар Канали Калони Фарғона ва дарёи Исфара имкон медиҳад, ки тадбири муҳими мелиоративӣ, додани оби захиравию шӯршӯии заминҳо ба ҳаҷми зиёд иҷро ва боздеҳи баланди заминҳои кишту боғот таъмин гардад. Бояд гуфт, ки 7,5 дарсади заминҳои шаҳри Конибодом тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, боқимонда заминҳо тариқи обҳои худҷорӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 25 ҳазору 62 гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh