КОНИБОДОМ: БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш доир ба истифодаи самараноки замин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳо дода, таъкид карданд: «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».

Алҳол хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвар бо афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ бозорҳои дохилиро бо меваҳои шаҳдбор таъмин намуда, қисми онро содирот мекунанд. Боғпарварони шаҳри Конибодом ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба бунёди боғу токзорҳои нав сармашқи кор намуда, ба дастовардҳои хуб ноил шуда истодаанд.

Обу хок ва иқлими ин минтақа ба парвариш ва истеҳсоли меваҷот, аз ҷумла зардолую шафтолу, бодому сиёҳ олу, олуча ва ангур хеле мусоид буда, баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ бобати васеъ намудани майдони боғу токзорҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуда истодаанд.

Бино ба иттилои Фахриддин Қодиров, сардори идораи кишоварзии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар майдони 73,0 гектар ва барқароркунии боғу токзори кӯҳна дар майдони 171,1 гектар ба иҷро расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боғи нав дар майдони 178,7 гектар ва барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 193,1 гектар кам буда, нисбат ба дурнамои шаҳр боғи нав 33,29 гектар ва барқароркунии боғҳои кӯҳна 71,1 гектар зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз ин ҳисоб дар майдони 10 гектар боғҳои кӯҳна боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуданд. Дар маҷмуъ 11 ҳазору 785 гектар дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда мебошад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳр мо бо рафти бунёди боғи интенсивӣ аз наздик ошно гардидем. Тавре Ф. Қодиров иттилоъ дод, боғи интенсивӣ бо истифода аз ниҳолҳои қадпасти зардолу, шафтолу, олу ва бодом, ки натиҷаи селексияи ниҳолпарварони маҳаллӣ аст, бунёд хоҳад шуд. Масоҳати умумии боғи бунёдшаванда 30 гектар буда, дар марҳалаи аввал 12 гектар замини бекорхобида азхуд карда шуда, дар он ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.

Ташкили боғҳои нави интенсивӣ дар Конибодом имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи кишвар афзун гардад.

Масъулини идораи кишоварзии шаҳр дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, азму талоши худро баҳри он равона менамоянд, ки диққати аввалиндараҷаро ба яке аз бахшҳои асосии таъмини амнияти ғизоӣ - рушди боғу токпарварӣ равона созанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh