Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ "ММК Агро"

6 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи замонавӣ моҳи марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Гармхона ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст.

Айни замон дар ду гектар замини гармхона парвариши помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шуда, дар «ММК Агро» 25 нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки фаъолияти чунин гармхонаҳои инноватсионӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намуда, барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот таъсири мусбӣ мерасонанд.

Муассисони гармхона ба Раиси вилоят иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар соли 2020 дар вилоят 456 гармхона фаъолият намуда, дар 287 гармхона парвариши сабзавот ва дар 169 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh