Дар ҷамъияти «Боғпарвари Суғд» 10 гектар боғҳои суперинтенсивӣ бунёд мешавад

Дар ҷамъияти «Боғпарвари Суғд», ки ба парваришу нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда машғул аст, таҷдиди боғҳои куҳна оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз зимни боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди боғҳои нави суперинтенсивӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, масъулини ҷамъият бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 10 гектар боғҳои суперинтенсивӣ бунёд намуда, бо ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаи боғу токпарварӣ гузоранд.

Барои бунёди боғҳои нави зардолу, гелос ва чормағз ниҳолҳои мевадиҳанда аз кишварҳои Ҷопон, Италия ва Туркия ворид карда шуда, бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида мешавад. Бо мақсади истифодаи самараноки замин боғпарварон ният доранд, ки дар қатори миёни дарахтон парваришу нигоҳубини анвои гуногуни зироати кишоварзиро ба роҳ монанд.

Сипас, Раиси вилоят дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ҷараёни бунёди боғи сиёҳолуро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар муассиса дар масоҳати 5 гектар боғи сиёҳолу бунёд гардида истодааст, ки меваи истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин тавсия дод, ки дар вақти шинонидани ниҳолҳо бо олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ намуда, заминро самараноку оқилона истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh