ФАРОВОНӢ - АЗ БАРАКАТИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН

Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ теъдоди хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ зиёд гардиду замин имрӯз дар дасти деҳқон аст. Кишоварз дар киштукор ва парвариши зироатҳои гуногун озод мебошад. Ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳибихтиёр будани кишоварз дар интихоб ва кишти зироатҳо сабаб шуд, ки имрӯз фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоят таъмин ва нархи маҳсулот танзим гардад.

Солҳои пеш дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят гаронии нархи помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот ба назар расида, аксари сокинон ба он дастрасӣ надоштанд. Имрӯзҳо арзон гардидани нархи сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон сокинонро хушҳол намуд. Ҳоло дар бозорҳои вилоят як килограмм помидор аз 8 то 10 сомонӣ ва бодиринг бошад, аз 10 то 12 сомонӣ арзиш дорад.

Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии ҳарчӣ бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳамаи фасли солро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш барои ташкили гармхонаҳои замонавӣ якчанд имтиёз муқаррар намуданд, ки он деҳқононро хеле руҳбаланд гардонид.

Мадамин Ҷӯраев, сокини Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ҳашт сол инҷониб бо аҳли хонадонаш ба кишоварзӣ машғул буда, дар 5 сотих замини наздиҳавлигиаш се гармхона ташкил намуда, дар он аз се то чор ҳосил ба даст меорад.

Ҳангоми боздид аз гармхонаи ин деҳқон аён гардид, ки дар як гармхона лимӯ, мандарин, апелсин, кивӣ, банан барин меваҳои ситрусӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш намуда истодааст ва рӯзҳои наздик ҳосили онҳоро ҷамъоварӣ ва пешкаши шаҳрвандон менамояд.

- Дар соли 2021 низ ният дорем, майдони гармхонаро зиёд намуда, кишти дигар сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бозорҳои шаҳру навоҳиро бо сабзавоти тару тоза таъмин гардонем. Чунки ҳар сол аз гармхона беш аз як тонна лимӯ мегирем, ки аз он хеле хурсандем, - гуфт М. Ҷӯраев.

Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом бо ҷараёни бунёди якчанд гармхонаи навбунёд, аз ҷумла аз гармхонаи соҳибкор Фарҳод Тӯрақулов шинос гардидем. Бояд гуфт, ки гармхонаи нав дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ҷойгир буда, он бо истифода аз технологияи истеҳсоли Корея сохта мешавад. Тибқи нақша, масоҳати гармхона як гектар буда, дар он парвариши помидор ва бодиринг бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ба роҳ монда хоҳад шуд.

Инчунин, дар деҳаи Санҷидзор аз гармхонаҳои соҳибкор Фарҳод Холиқов боздид намудем. Масоҳати умумии гармхонаҳо 0,70 гектар буда, айни ҳол дар 0,20 гектар парвариши помидор ба роҳ монда шуда, гармхона дигар ба масоҳати 0,50 гектар дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дошта, дар он моҳи январи соли 2021 кишти помидор ва бодиринг ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, бо тарзи истифобарии замини наздиҳавлигии сокини деҳаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Ҷаҳонзеб Абдурашид Ахмедов ошно гардидем. гардидем. Оилаи Ахмедовҳо қитъаи замини наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, дар 0,02 гектар гармхонаи хурд ташкил намудаанд, ки дар он лимӯ парвариш меёбад. Аҳли ин оила барои давраи зимистон низ маҳсулоти кофии ғизоӣ захира намуда, аз маҳсулоти гармхонаи хеш – лимӯ даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Айни ҳол дар шаҳри Конибодом 54 гармхона дар масоҳати 3,31 гектар мавҷуд буда, дар масоҳати 3,21 гектари он кишт гузаронида шудааст, ки аз он дар 0,84 гектар помидор, 0,22 гектар бодиринг ва 0,39 гектар дигар намуди сабзавот кишт шудааст.

Дар давоми соли 2020-ум 9 гармхонаи нав дар масоҳати 1,28 гектар ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта масоҳати гармхонаҳо ба 0,88 гектар зиёд аст.

Боиси зикр, ки дар вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти 456 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 286 навъи хитоӣ ва 4 гармхонаи инноватсионӣ мебошанд.

Аз ин миқдор, дар 287 гармхона парвариши сабзавот ва дар 169 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 24,86 гектар расонида шуд, ки аз он 16,46 гектар помидор, 3,99 гектар бодиринг ва 4,41 гектар дигар зироатҳо мебошанд. Илова бар ин, масоҳати гармхонаҳои лимӯпарварӣ ба 9,49 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,46 гектар расонида шуд. Аз гармхонаҳои вилоят то ин давра 305,4 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол шудааст. Аз ҷумла, 162,5 тонна помидор, 85,5 тонна бодиринг ва 57,4 тонна дигар намуди сабзавоти тару тоза дастраси аҳолӣ гардида, илова бар ин, 124,5 тонна лимӯ ба бозори дохилию хориҷӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh