ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ ДАР САРДХОНАҲО КОФИСТ

Соли гузашта кишоварзони вилоят майдони кишти зироатҳоро бештар намуда, бо талошу заҳмати худ ҳосили фаровон руёнида, имрӯз ҳосили дастранҷи худро пешниҳоди аҳолӣ намуда истодаанд.

Аз ин рӯ, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои судманд андешида, дар ин замина Раёсати иттифоқи матлуботи вилоят ва бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шуданд, ки маҳсулоти кишоварзиро захира намоянд.

Иброҳим Мутуллозода, сардори Раёсати Ҷамъияти иттифоқҳои матлуботи вилоят гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилоят ва инчунин нақшаи тарҳрезишудаи Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бораи захира ва харидорӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз шахсони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ Иттифоқи матлуботи вилоят як қатор корҳоро ба сомон расонид. Бояд гуфт, ки аз моҳи сентябр ва инчунин аз моҳи октябр захираи маҳсулоти кишоварзиро оғоз намуда, ҳамаи анборҳое, ки зертобеъ ҳастанд, безарар гардонида, дар асоси нақша зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ ва дар маҷмуъ дар он минтақаҳое, ки зертобеи матлубот ҳастанд, 100 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ захира шуд. Маҳсулоти захирашуда, аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, себу ангур ва дигар намуд мебошад, - гуфт номбурда.

Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Дар анбори нигаҳдории маҳсулоти иттифоқи матлуботи ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон якчанд тонна пиёз захира шуда, илова бар ин дар минтақаҳои дигари ноҳия ба қадри зарурӣ картошка нигоҳдорӣ ва пешниҳоди аҳолӣ гардонида хоҳад шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич барои самарабахш гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 барои боло нарафтани нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба қадри зарурӣ дар анбор пиёз захира шудааст ва дар минтақаи Калининобод 40 тонна картошка дар сардхона нигаҳдорӣ карда мешавад.

Масъулини иттифоқи матлуботи ноҳияи Деваштич бар он боваранд, ки дар ҳар хонадон мардум аз 1 то 100 тонна картошка ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзиро захира намуданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон бошад, барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Дар бунёди ин гуна сардхона талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ҷорӣ шуданд.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан зимни суҳбат бошандагон изҳор доштанд, ки фаровонии ҳосил ба поён рафтани нархи молу маҳсулот таъсир гузоштааст.

Бино ба гуфти Сафар Шодиев - сокини шаҳр, соли гузашта як килограмм пиёз аз 1 сомонию 80 дирам то 2 сомонӣ арзиш дошт. Имсол бошад, ин маҳсулот аз 1 то 1 сомониву 30 дирам нарх дорад. Бино ба иттилои Бахтиёр Саидзода - директори Бозори марказии шаҳри Истаравшан бозори марказии шаҳр, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 100 тонна пиёз, 35 тонна картошка захира намудааст. Зимни омӯзиши ин мавзуъ дар анбори Иттифоқи матлуботи шаҳр захираи 20 тонна пиёз ва 10 тонна картошка ба назар расид. Бо мақсади сари вақт захира намудани маҳсулот иттифоқи матлуботи шаҳри Истаравшан бо се хоҷагии деҳқонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, тибқи ин қарордод, 10 тонна картошка захира карда шудааст.

Роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят бар он боваранд, ки зарфият ва имконоти зерсохтори ҷамъият дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақсаднок истифода шуда, молу маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад. Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира карда шавад. Масъули Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» гуфт, ки мо сардхонаро дар се марҳала истифода мебарем. Алҳол барои давраи зимистон сардхонаҳоро барои нигоҳдории меваю сабзавот баҳри таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои тару тоза истифода бурда истодаем.

Тибқи иттилои Анвар Обидҷонов - раиси Иттифоқи матлуботи ноҳияи Спитамен анбори нигоҳдориро тоза ва безарар намуда, 15 тонна пиёз ва 10 тонна картошка захира намудаанд. Тавре ки зикраш рафт, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон яке аз масъалаҳои муҳим дониста шуда, тибқи вазифагузориҳо, дар баробари сохторҳои дахлдор иттифоқи матлубот, бозорҳо, инчунин мардум низ бояд ба қадри зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро захира намоянд ва давраи сарморо бе мушкилӣ паси сар созанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh