ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОН

Дар ҳама фасли сол дар баъзе манотиқи вилоят сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, махсусан дар фасли зимистон ба сардиҳо нигоҳ накарда, дар зери плёнкаҳо ва гармхонаҳои хурд ҳама намуди сабзавотро кишт менамоянд. Онҳо ҳар ваҷаб заминро хуб ва самаранок истифода намуда, ба ин васила зиндагии худ ва бозорҳои вилоятро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин менамоянд.

Имрӯз сокинони меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯшиш доранд, ки аз ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашон ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Онҳо мекӯшанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Сокинони ин ҷамоат суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» - ро хуб дарк намуданд ва аз он истифода намуда истодаанд.

Сокини ин ҷамоат Дадоҷон Каримов дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ монда, дар 6 сотих замин кишти шалғамчаро ба роҳ мондааст, ки он нашъунамои хуб дорад. Ӯ пас аз пухта расидани он миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебарорад.

 Ҳангоми суҳбат бо ин марди деҳқон пай бурдем, ки баъди ғунучини шалғамча кишти помидору бодиринг, карам ва дигар анвои сабзавотро ба роҳ мемонад.

- Имрӯз мо бо чунин амали худ, дастрасии маҳсулотро дар ҳама фаслҳои сол ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои наздик таъмин менамоем. Барои ҳосили хуб ба даст овардан аз усулҳои агротехникӣ хуб истифода мебарем, - иброз медорад ӯ.

Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад. Бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои хурду миёнаи наздиҳавлигӣ дар фасли зимистон бозорҳои вилоят бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд. Инчунин, барои беҳтар намудани зисту зиндагии марди деҳқон шароити мусоид фароҳам меорад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh