ҒИЗО БАРОИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНҲОИ ВАҲШӢ

Баробари фаро расидани фасли сармо ва барфпӯш гардидани кӯҳҳо ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандаҳои нодир барои  дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд. Гуруснагии онҳо метавонад боиси ба ҳалокат расидан ва ё ба ҳавлии истиқоматии одамон ворид шуданашон мегардад. Барои бо чунин муаммо рӯ ба рӯ нашудан масъулини хоҷагии ҷангали вилоят ҳамасола чораҳои мушаххас меандешанд.

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят баҳри ҳифзи парандагони нодиру ҳайвонҳои ваҳшӣ чӣ чораҷӯӣ карда истодаанд? Барои ба ин суол посух гирифтан мо ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон равон шудем.

То ба шаҳраки Адрасмон расидан наздик 1,5 соат роҳро тай кардем, зеро роҳҳои ноободи таъмирталаб имкон надод, ки нақлиёти сабукрав бо суръати дилхоҳ пеш равад. Пас аз роҳҳои каҷу килебро паси сар кардан ба шаҳрак ворид шудем. Хурсандиовар он буд, ки роҳҳои шаҳрак асфалтпӯшу аз барфҳои борида тоза карда шуда буданд. Акнун моро дар пеш кӯҳҳои барфпӯши минтақаи сеюми Қаромазор ва масъулини хоҷагии ҷангал интизор буданд.

Маводи ғизоӣ барои даррандагону парандагон омода буд. Дар халтаҳои калон миқдори зиёди хӯрокворӣ, аз ҷумла зиёда аз 800 кило ғизои худрӯйи ҷангал ва 40 банд хошок ҷой карда, онро дар нақлиёти боркашон гузоштанд.

Бино ба гуфти масъулини хоҷагии ҷангал дар вилоят беш аз 570 ҳазор гектар ҷангал мавҷуд буда, беш аз сад ҳазор парандаву ҳайвони ваҳшӣ ба қайд гирифта шудааст.

 - Ҳифзи парандаҳо ва ҳайвонҳои ваҳшӣ яке аз вазифаҳои асосии мутахассисони соҳаи ҷангал мебошад. Захираҳои мазкур барои нигоҳ доштани парандаву ҳайвоноти ваҳшӣ ва аз гуруснагиву сардӣ нобуд нагардаидани онҳо пешбинӣ шудааст. Баробари сард шудани ҳаво аз ҷониби ҷангалбонон дар минтақаҳои кӯҳӣ корҳои биотехникӣ гузаронида мешавад ва бо ин мақсад дар баландкӯҳҳо ғизои гуногун мегузорем, то парандаву ҳайвонҳо аз он баҳра бигиранд, - гуфт сарҷангалпарвар, муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Тоҷиддин Насриддинов.

Гардишгоҳи сеюми минтақаи Қаромазор дар баландии зиёда аз 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар он ҷо бештар кабк, кабӯтар, харгӯш, хирс, хуки ёбоӣ ва дигар намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ ба назар мерасанд. Маҳсулоти ғизоӣ ба монанди резаи гандум, хошок, зардолуву ноки хушккардашуда, хуч ва амсоли ин ба болои барф пошида шуд. Сабаби ба болои барф пошидани ғизоро ҷангалбон Нарзиқул Умаров чунин шарҳ дод:

- Азбаски дар кӯҳҳо барф боридааст, аз зери он дарёфти ғизо барои ҳайвонҳо мушкил аст. Ба болои барфи сафед ғизоро мепошем ва танҳо ба ин васила ҳайвонот метавонанд хӯрокро аз баландӣ бинанд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, моҳе ду маротиба дар фасли сармо барои пешгирӣ аз нобудшавӣ корҳои биотехникӣ гузаронида мешавад.

- Имрӯз дар ҳама муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани корҳои биотехникӣ барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани ҳайвоноте, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, ба роҳ монда шудааст. Ҷангалбон Нарзиқул Умаров парандаҳоро аз шикори ғайриқонунӣ пешгирӣ мекунад, зеро ба гуфти ӯ шикори парандаҳову ҳайвонот дар ин мавзеъ манъ гардидааст.

- Дар вилоят ҳайвонҳое, ки ба “Китоби сурх” дохил шудаанд, дар мавзеъҳои кӯҳӣ умр ба сар мебаранд. Аз ҷумла хирси малла, фазани сирдарёгӣ ва зарафшонӣ, хуки ёбоӣ, гурги ваҳшӣ ва оҳу мавҷуд аст. Соли равон ба ноҳияи Шаҳристон ҳайвони нодир - нуфлони аврупоӣ оварда шуд, ки барои нигоҳубини он шахсони масъул вобаста шудаанд ва имконияти зиёд кардани он ба назар гирифта шудааст, - изҳор кард ӯ.

Боиси қайд аст, ки дар қаторкӯҳҳо ба парандаву ҳайвонҳо барои нӯшидани об кӯлҳо мавҷуд аст, ки онҳо мунтазам аз ҷониби масъулин тоза карда мешавад. Даромади асосии сокинони шаҳрак аз боғдориву заминдорӣ ва нигоҳубини чорво мебошад. Аҳолӣ низ иқдоми пешгирифтаи хоҷагии ҷангалро дастгирӣ мекунанд, зеро дар ҳолати гурусна мондани ҳайвонҳои ваҳшӣ чорвои онҳо нобуд ва ҳаёти сокинон зери хатар мемонад. - Хушбахтона, дар соли сипаришуда, ҳолати ба сокинон ва чорвои онҳо ҳамла кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ ба қайд гирифта нашудааст, - мегӯянд масъулин.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh