Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 6 феврал дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, сабзавот, биринҷ, равған, меваҳои гуногун, шакар, орд, намак, асал, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, маҳсулоти гӯтиву қаннодӣ бо нархҳои нисбати бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.

Боиси зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон мебошад.

Бо дастури роҳбари вилоят чунин ярмаркаҳо минбаъд дар шаҳрҳои саноатӣ мунтазам дар рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh