Дар Истаравшан кишти картошкаи барвақтӣ оғоз ёфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ба фаъолияти кишоварзон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мавзеи Зарнисор бо раванди корҳои азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулин дар ин мавзеъ зиёда аз чор ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, то имрӯз бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои мавзеъ як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2018 пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ” пас аз азнавсозӣ фаъол карда шуда буд, ки ин тасмим то андозае барои таъмини кишоварзон бо оби полезӣ мусоидат намуд.

Раиси вилоят ба шахсони масъул дастур дод, ки заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, он нафароне, ки дар ин мавзеъ соҳиби замин ҳастанд, заминҳои худро самараноку оқилона истифода намоянд. Барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ бошад шахсони масъул вазифадор гардиданд.

Сипас, Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии ба номи Муқбил Турсунбоев ҷараёни кишти картошкаи барвақтиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Аъзои хоҷагии мазкур ба таври таҷрибавӣ картошкаи барвақтӣ кишт намуда, бовар доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.

Бино ба маълумоти мавҷуда соли ҷорӣ дар Истаравшан кишти картошка дар 3104 га ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 2100 га дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 934 га дар заминҳои наздиҳавлигӣ, 70 га кишти такрорӣ маҳсуб ёфта, нисбат ба соли гузашта 387 га зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh