КИШТИ БАРВАҚТӢ - ТАДБИРИ МУҲИМ

Феврал охирин моҳи зимистон буда, гармшавии ҳаво аз омадани баҳор ва оғози кишту кори баҳорӣ дарак медиҳад. Дар аксарияти шаҳру навоҳии вилоят кишти зироату сабзавот аз охирҳои моҳи феврал шурӯъ мегарданд.

Аз ин рӯ, имрӯз кишоварзон ҷиҳати кишти саривақтии баҳорӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода менамоянд. Имрӯз оқилона истифода бурдани замин ва аз он гирифтани ду - се ҳосили хуб баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Алҳол марди деҳқон заминро ба кишт омода менамояд. Имрӯз кишоварзони вилоят майдони 210525 гектарро шудгор намуда, кишти ҳама намуди зироатҳоро ба роҳ монданианд. Тавассути техникаҳои кишоварзӣ, то имрӯз беш аз 186 ҳазор гектар замин шудгор гардидааст. Ҳамчунин, баҳри гирифтани ҳосили хуб деҳқонон аз поруҳои маҳаллӣ низ самаранок истифода мебаранд. То ин дам беш аз 195 ҳазор тонна поруро ба майдони беш аз 30 ҳазор гектар замин барои гирифтани ҳосили баланди зироат ворид намудаанд.

Тибқи дурнамо имсол кишоварзони вилоят дар майдони 178451 гектар замин бояд кишти баҳорӣ гузаронанд. Аз ин рақам майдони беш аз 131 ҳазор гектарашро замини обӣ ташкил медиҳанд, ки дар он кишти зироатҳои серҳосилро ба роҳ хоҳанд монд.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят алҳол кишоварзон кишти ғалладонагиҳо ва лӯбиёгиҳоро дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар, сабзавот 1702 гектар, зироатҳои равғандеҳ 315 гектар ва зироати хӯроки чорво 413 гектар кишт намуданд. Имсол дурнамои кишти картошкаи баҳорӣ 1786 гектарро дарбар гирифта, алҳол деҳқонон дар майдони 650 гектар замин тухмиҳои хушсифати картошкаро кишт намуданд. Вазъи обу ҳавои имрӯза барои деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод имконият медиҳад, ки кишоварзон дар заминҳои ҳосилхези худ кишти зироатҳои барвақтии баҳориро ба роҳ монанд. Ҷамъияти кушоди саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ нақша доранд, дар майдони 150 гектар кишти картошкаи барвақтиро ба роҳ монанд. Бо ҷаҳду талоши саҳмдорони хоҷагии номбурда алҳол дар майдони беш аз 20 гектар кишт гузаронида шуда, барои таъмини нақшаи тасдиқгардида, кӯшиш доранд.

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бошанд, имконияти мавҷударо самаранок истифода бурда, кишти зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Бино ба иттилои раёсати кишоварзии ноҳия имсол тибқи дурнамо дар майдони 131065 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад. То имрӯз кишоварзон дар заминҳои худ кишти ҳамагуна зироатҳоро ба роҳ мондаанд, ки он 595 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кишти картошкаи баҳорӣ мувофиқи дурнамо дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ бояд дар майдони 1090 гектар гузаронида шавад. Деҳқонони ноҳия то имрӯз дар 105 гектар замин кишт гузарониданд, ки 34,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, кишоварзон майдони 530 гектарро барои кишти пиёз омода намудаанд, ки алҳол дар 308 гектари он зироат кишт шудааст. Алҳол кишоварзони вилоят кӯшиш доранд, кишти барвақтии ҳама намуди зироатҳоро хуб ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бо рӯёнидани ҳосили фаровонсаҳми худро гузоранд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh