Хуҷанд: Беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳо ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба фурӯш гузошта шуд

Дирӯз  дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварон ва сокинону меҳмонони шаҳр гардид.

Раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ярмаркаи ниҳол таъкид дошт, ки боғпарварӣ  аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта,  он баҳри  таъмини амнияти озуқаворӣ  дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад.  Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус  зоҳир намуда,  баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон баҳри  ба иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидани ниҳолшинонӣ корҳои агротехникӣ  бомаром идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар хоҷагиҳои боғпарварии вилоят соли сипаришуда иловатан 657 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст ва ҳаҷми истеҳсолот сол то сол зиёд карда мешавад.

Давоми як соли охир дар ҳудуди вилоят 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидааст, ки ин қадами устуворе дар самти рушди соҳаи боғпарварӣ ва истеҳсоли меваи аз лиҳози экологӣ тозаю табиӣ дар мамлакат мебошад.

Зикр гардид, ки дар мамлакат боғдорӣ аз муҳимтарин соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад. Рушди  боғдориро  бе ривоҷи соҳаи  ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ   ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз ниҳолони он вобастагии калон дорад. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки  солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти мамлакат бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст. Инчунин талаботи аҳолӣ  ба ниҳолҳои себ, зардолу  ва анор бештар шуда, харидорони ин навъ ниҳолҳо зиёд шудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти намунавии ниҳолпарварони шаҳри Истаравшан тавсиф намуда, барои харидории ҳарчи бештари ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ин шаҳр ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан алҳол аз ҷониби як адад хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ ва беш аз 700 хоҷагиҳои инфиродӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун барои фурӯш омода карда шудаанд. Имрўз дар ҳар як хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Истаравшан аз аз 600 то 60 000 бех ниҳолҳо тайёр карда мешаванд, ки дар як вақт ҷойи корӣ доимӣ ба сокинони шаҳр гардидааст. Чанде қабл аз шаҳру навоҳии Кўлоб, Данғара, Ваҳдат ва Муъминобод беш аз 500 ҳазор ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ороишӣ харидорӣ карда шуданд.

Дар ярмаркаи фурўши ниҳолҳо навъҳои гуногуни мевагиҳо, аз ҷумла: олуи сиёҳ, хурмо-бодом, ноки дилафрўз,биҳии самарқандӣ, себи ҳусни Юсуф, зардолуи мирсанҷалӣ, себи зарринтоҷ, шафтолуи чемпион, себи ангубин, олучаи кўҳӣ, себи голден деминикс, каҷҷак-бодом,нок баҳорӣ, буттаи ҳуч, олуча-гелос, токи ҳусайнӣ, гелоси ҷойдорӣ ва ғайраҳо пешкаши харидорон гардида буданд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳи мазкур дарахтони қадпасти сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.

Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар ин рӯз ярмарка фурӯши маҳсулоти икшоварзӣ бо нархҳои дастрас ташкил карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh