Баҳри пешгирии таъсири сардӣ ба боғот бо тавсияи мутахассисон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд

Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал боиси бедор шудани табиат ва муғчабандии дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардид. Аммо дар чанд рӯзи охир ҳарорати ҳаво дубора паст шуд ва эҳтимоли зиён дидани дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд омад.

Дар ин замина бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст.

Зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят ҷараёни дудмонӣ дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва “Боғи миллии Ваҳдат” –ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре мушоҳида гардид, бо тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ дар боғот корҳои дудмонӣ ба роҳ монда шуда, барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон дар боғот дудмониро ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh