ОМОДАГИИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА МАВСИМИ ОБЁРӢ

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини вилояти Суғд нишасти матбуотии кумитаи мазкур ва Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, ҳифзи муҳити зист, Сарраёсати кишоварзии вилоят баргузор гардид.

Масъулони сохторҳои зикшуда, бобати натиҷаҳои фаъолияти худ давоми соли 2020 ба намояндагони Васоити ахбори омма маълумот доданд. Аз ҷумла, Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замини вилоят қайд намуд, ки аз ҷониби нозирони кумита ва сохторҳои он дар маҳалҳо, бинобар худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон, мутобиқи бандии дуюми моддаи 38 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 ҳолат ошкор шуда, барои санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ беш аз 1200 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид, ки аз ин зиёда аз 1000 гектарашро замини обӣ ва 694 гектари дигарашро талу теппаҳо, ки дар он боғ бунёд шудааст, ташкил медиҳанд.

Ҳалим Хоҷиев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят иброз дошт, ки ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон аз ҷониби Раиси вилоят беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он ба ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров барои таъмир ва омода намудани он ирсол гардид. Дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида, ҳавзҳои пойгоҳҳои обкашии АНС- 1, 3, 4 – ро аз лойқа тоза намуда, қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ харида шуд.

Ҳамчунин, дар пойгоҳи обкашии Деҳмой - 1 ду дастгоҳи фарсудашуда иваз ва мушкилии оби полезии минтақаи Деҳмой ҳал гардид. Алҳол барои обёрии заминҳои кишоварзӣ, ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят беш аз 350 ҳазор тонна ғалладонагиҳо ҷамъ оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 19 ҳазор тонна мебошад. Истеҳсоли сабзавот ба ҳолати 1 - уми январи соли 2021 зиёда аз 560 ҳазор тонна, картошка 512 ҳазор тонна, полезиҳо 151 ҳазор тонна ва мевагиҳо беш аз 110 ҳазор тонна ба роҳ монда шуд, ва танҳо истеҳсоли мевагиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 11 ҳазор тонна кам мебошад, - гуфт зимни баромади худ Олимбек Юлдошзода сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят низ дар давраи ҳисоботӣ якчанд корҳои назаррасеро анҷом додааст. Аз ҷумла, баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ҷамъоварию безараргардонӣ ва гӯронидани партовҳои истеҳсолию маишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ғайр аз 30 адад партовгоҳи амалкунанда, иловатан беш аз 700 адад нуқтаи ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва зиёда аз 1800 адад қуттии махсуси ҷамъоварии партов ташкил карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин давра муайян шуд, ки дар ҳудуди вилоят беш аз 10 ҳазор гектар ҷангали аҳамияти муҳофизатидошта мавҷуд аст. Аз ин миқдор 314 гектар минтақаи обӣ ва беш аз 9 ҳазор гектари дигар ҷангали муҳофизатии кишоварзиро дар бар мегирад. Дар охир рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh