ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД, АММО НАРХ ГАРОН

Сабаби гаронии нархи полезиҳои дар бозорҳои шафати роҳи Хуҷанд – Истаравшан дар чист? Чаро дар ин ҷо деҳқонон худ машғули савдо намешаванду нафарони дуюму сеюм бошанд, яке аз сабабҳои болоравии нарх мегарданд

Кишоварзони вилоят баробари кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҳамчунин ба парвариши полезиҳо, аз қабили тарбузу харбуза низ машғуланд. Ҳамасола дар миқёси вилояти Суғд майдони кишти он зиёд ва истеҳсоли онҳо низ хуб ба роҳ монда мешавад. Бино ба маълумоти шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят соли равон дар миқёси вилоят кишоварзон, тибқи нақша дар майдони беш аз чаҳор ҳазору ҳаштсад гектар полезӣ кишт намуда буданд. Гарчанде соли равон дар умум кишти полезиҳои озуқаворӣ дар вилоят нисбат ба соли гузашта кам шуда бошанд ҳам, лекин кишоварзон тавонистанд аз ҳисоби зиёд намудани майдони тарбуз нақшаро барзиёд иҷро намоянд.

Дар аввали фасли баҳор деҳқонони заркори вилоят бештар дар заминҳои худ тарбузро кишт намуданд, ки кишти имсола нисбат ба порсола зиёд гардидааст. Аз сабаби талаботи аҳолӣ ба ин навъи полезӣ зиёд будан майдони кишти он низ афзудааст. Деҳқонон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 482,6 гектар тарбуз кишт намуданд. Яъне дар ин мавсим дар шаҳру ноҳияҳо 86,6 гектар полезӣ зиёд кишт гардидааст. Кишти бештари полезиҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ба роҳ монда шуда, мастчоҳиён дар майдони беш аз ду ҳазору ҳафтсад гектар анвои гуногуни полезиҳоро кишт намуданд. Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳои Конибодом‐138 гектар, Истаравшан‐483, Зафаробод‐680, Ашт беш аз 100 ва ноҳияи Деваштич дар майдони 272 гектар полезиҳо кишт намуда, айни ҳол ба ҷуз аз ноҳияи Деваштич ҷамъоварии ҳосили полезӣ дар дигар минтақаҳо дар ҳоли анҷомёбист. Кишоварзон барои гирифтани ҳосили босифат ва ба талабот ҷавобгӯ тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз қабили обмониву озуқадиҳиро хуб истифода намуданд. Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзӣ соли равон кишоварзони вилоят тавонистанд, аз ҳар гектар замин беш аз 130‐сентнерӣ ҳосил ба даст оранд, ки дар умум аз майдони киштгардида тавонистанд ба миқдори беш аз 139 ҳазор сентнер ҳосили босифатро ҷамъоварӣ намуда, барои фурӯш ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ дастрас намоянд.

Имсол дар самти гирифтани ҳосили баланд ноҳияҳои Мастчоҳу Бобоҷон Ғафуров пешсаф буда, кишоварзони мастчоҳӣ беш аз 94 ҳазор сентнер ва деҳқонони ғафуровӣ беш аз 39 ҳазор сентнер ҳосил рӯёнидаанд. Ҳосили имсола бино ба гуфти масъулин хуб буда, имрӯз дар бозори маркази вилоят бо нархи дастрас ба фурӯш рафта истодааст. Аз рӯи мушоҳида ва таҳлилҳо маълум гардид, ки ба ҷуз аз бозорҳои марказии вилоят ҳастанд бозорҳое, ки маҳз дар он ҷо полезиҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Ин гуна бозорҳо дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Истаравшан ва Хуҷанд Конибодом қарор дошта, фурӯшандаҳо бошанд, бо нархи аз бозори марказии вилоят гаронтар фурӯхта истодаанд. Дар ин қабил бозорҳо баробари деҳқонон инчунин, ба қавле савдогарон низ машғули фурӯш ҳастанд. Чунин нафарон полезиҳоро аз деҳқон бо нархи арзон харидорӣ намуда, пасон онро бо нархи гарон ба фурӯш мегузоранд. “Афғонбозор” – чунин ном дорад бозори тарбузу харбуза, ки дар ноҳияи Спитамен, дар шафати роҳи асосии Душанбе Чаноқ қарор дорад. Д

ар ин ҷо навъҳои гуногуни харбузаро вохӯрдан мумкин аст. Аснои боздид аз ин бозор маълум гардид, ки нархи ҳама намуди полезиҳо нисбат ба бозори “Панҷшанбе” и маркази вилоят гарон аст. Масалан, як дона тарбуз дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд аз панҷ то ба понздаҳ‐бист сомонӣ арзиш дорад. Ҳамон навъи тарбузҳо дар ду минтақае, ки дар ноҳияи Спитамен, аниқтараш дар назди шоҳроҳ қарор доранд, бо нархи то бист сомонӣ ба харидор пешниҳод мешаванд. Чанд нафар харидор аз фурӯшандаҳо сабаби гаронии нархи полезиҳоро пурсон шуданд. Онҳо баръакс ҷавоб гуфтанд, ки нархи полезиҳои мо нисбат ба минтақаҳои дигар арзонтар аст. Ин дар ҳолест, ки чанд нафар аз сокинони ноҳияи Деваштич бо умеди ин бозорҳо шуда, аз марказ харид накардаанд. Ба қавле, тарбуз аз бағалашон афтид. Зеро анвои гуногуни харбуза аз 15 то 50 сомонӣ арзиш доштанд. Нархи тарбуз низ аз рӯи ҳаҷми худ то 40 сомониро дарбар мегирифт.

Қобили зикр аст, ки дар чунин бозорҳои сарироҳӣ деҳқонон бояд ба савдо машғул шаванд. Барои марди деҳқон дар ин ҷо савдо намудан нисбат ба бозор мувофиқ аст. Зеро дар ин марказҳо онҳо ҳаққи роҳкирову дигар хароҷоти изофаро намедиҳанд. Имрӯз низ марди деҳқон полезиҳоро бо нархи ба худ мувофиқ мефурӯшаду нафари дуюму сеюм бошад, бо нархи гарон онро мефурӯшад. Масъулинро мебояд дар самти назорат намудани нархи полезиҳо, ки дар қиёс ба бозори маркази вилоят гарон аст, корҳои лозимаро ҷонноктар намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh