Баҳри сариштаи саривақтии меваҳои шаҳдбор

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардидааст, ки майдони боғу токзори кишвар ба 200 ҳазор гектар расонида шуда, он нисбат ба соли 1991 – ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Бо мақсади дастгирии кишоварзон Сарвари давлат изҳор намуданд, ки дар соли 2021 – ум кишоварзон аз супоридани андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик аз қадимулайём навъҳои хушсифату хушмаззаи ангурро офарида, аз насл ба насл боқӣ гузоштаанд. Он яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар иқтисодиёти кишвар барои ғанӣ гардонидани буҷа мавқеи устуворро ишғол менамояд. Ангур ва маҳсулоти коркарди саноатии он баҳри ба даст овардани истиқлоли озуқавории кишвар нақши калонро мебозад. Дар вилоят дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» боғпарварону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра дар шаҳру навоҳии вилоят наздик 4 ҳазору 362 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки ин нишондод 170 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Меваи ангур натанҳо дар намуди тару тоза, балки дар намуди хушконидашуда ва маҳсулоти коркарди саноатӣ низ истифода бурда мешавад. Хусусияти дигари ангур дар он аст, ки навъҳои онро дар сардхона ва биноҳои махсус дар муддати 6 – 7 моҳ (октябр – май) нигоҳ доштан мумкин аст ва ин барои бо маҳсулоти серғизо ва тару тоза таъмин намудани талаботи аҳолӣ мусоидат карда метавонад. Токпарварӣ асосан дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Истаравшан, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров рушд ёфтааст. Бино ба маълумоти мутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров, дар қаламрави вилоят 9627 гектар токзор мавҷуд аст, ки аз он 8151 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли ангур то моҳи сентябри соли равон 10 653 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 731 тонна зиёд аст. Иттилоъ дода шуд, ки меваи ангур асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ўзбекистон содирот мешавад ва то санаи якуми сентябри соли ҷорӣ 950 тонна ангур содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 780 тонна зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Ёқубҷон Ашўров, токпарварони таҷрибадори шаҳр аз як гектар бо усули бобоӣ 250 - 300 сентнерӣ ва аз ин ҳам зиёд ҳосил истеҳсол намуда, онро ҷамъоварӣ мекунанд. Азбаски шаҳр минтақаи камобтарин ба ҳисоб меравад, барои самаранок истифода бурдани об токзорро бо усули бобоӣ парвариш мекунанд.

- Дар шаҳри Истаравшан беш аз 50 – 60 намуди ангур парвариш шуда, маъмултарини он ангури кишмиши сиёҳу сафед, чиллагӣ, тоифию ҳусайнӣ, сарғ ва обак мебошад. Асосан токпарварони шаҳр ба парвариши ангури кишмиши сиёҳ машғул ҳастанд, ки онро мавиз карда, ба содирот мебароранд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Истаравшан 3609 гектар майдони токзор мавҷуд буда, мувофиқи санҷиши мутахассисони соҳа дар назар дошта шудааст, ки 29 550 тонна ангури хушсифат истҳсол намоянд, - гуфт Ёқубҷон Ашўров. Иттилоъ дода шуд, ки токпарварон дар соли 2020 - ум 29530 тонна ангури хушсифати кишмиши сиёҳу сафед, тоифӣ, сарға, гулобӣ, нимранг, ғалаба ва миёна истеҳсол намуда, мавриди истифодаи умум қарор доданд.Шароити хоку иқлими Истаравшан ба токпарварӣ мутобиқ буда, 60 - 70 фоизи истеҳсоли ангури вилоятро ташкил медиҳад.

- Хоҷагиҳои деҳқонии Ҷўра саркор, Миразим – токпарвар, Боғдорӣ, Наврўз, Диловар ба парвариши ангур машғул буда, ин хоҷагиҳо аз 1 гектар то 300 сентнер ангур истеҳсол менамоянд. Инчунин ба парвариши ангури чиллагӣ ном баровардаанд, ки серғизотарин ангур маҳсуб меёбад. Асосан Ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Гули Сурх, Ниҷонӣ, Зарҳалол, Пошкент ба парвариши ангур машғул буда, мардум аз пушти ин зироат ризқу рӯзии худро меёбад, - гуфт номбурда.

Ҳамчунин, соли равон кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳосили хубро ба даст овардаанд. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Абдулло Раҳимбоев, ки солҳои 2013 - 2014 ба Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ - шарикӣ ба миқдори 580 адад таъсис ёфта буданд, номи хоҷагии деҳқонии «Фароғат» - ро гирифтааст. Деҳқонону кишоварзон дар ин ҷо фаъолияти пурмаҳсул дошта, ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардидаанд. Маҳсулоти кишоварзии деҳқонон нисбат ба соли пешин бамаротиб афзудааст, зеро коркарди агротехникӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

- Соли равон деҳқонон ҳосили хубро ба даст овардаанд ва ин пеш аз ҳама бо таъминоти оби полезӣ алоқаманд аст. Солҳои пешин токзорҳо аз ҳисоби шабакаҳои обёрӣ бо об таъмин мешуданд, ҳоло бошад, хоҷагиҳои деҳқонӣ чоҳҳои амудӣ кофта, дар муҳлати муқарраргардида ба заминҳо об медиҳанд. Саҳмдорон мекўшанд, баҳри иҷрои «Барномаи давлатии амнияти озуқаворӣ» ба натиҷаҳои баланд соҳиб гарданд, - гуфт муҳандиси заминсози ҷамоат Ғуфрон Ғаффоров. Ҳамчунин ў қайд кард, ки асосан маҳсулоти кишварзии ҷамоат меваи ангур буда, барои содирот дар сардхонаҳо ҳосили ангур нигоҳ дошта мешавад. Баробари ин барои таъмини сокинон бо меваи серғизо дар фасли сармо дар сардхонаҳо миқдори муайяни ангур захира мешавад.

Раиси Хоҷагии деҳқонии «Фароғат» Аъзамҷон Ҳайдаров соли равон ҳосили хуби ангури бегоҳии навъи тоифиро ба даст овардааст. Бино ба гуфти ў, дар хоҷагии мазкур дар 12 гектар замин 18 нафар саҳмдор фаъолият мебаранд, ки дар як мавсим 5 – 6 тонна ҳар як саҳмдор ҳосил ба даст меорад. Дар 3,5 гектар замин дарахтони биҳиву зардолу парвариш мешаванд. - Аз соли 2008 – ум заминҳои корам тақсим шудаанд ва аз ҳамон сол инҷониб токро пайванд карда, асосан навъи ангури тоифӣ парвариш мешавад. Барои сифати ангурро хуб кардану зуд нобуд нагардидан ба он дорувории лозима пошида, то охири мавсим 6 – 7 маротиба об дода мешавад. Боиси хушнудист, ки бо мақсади дастгирии кишоварзон Сарвари давлат, аз супоридани андози ягонаи замин озод кардаанд, ки чунин дастгирӣ барои деҳқонон саривақтӣ аст, - гуфт Аъзамҷон Ҳайдаров.

Боиси қайд аст, ки барои саривақт ғунучин кардани ҳосили пухтарасида бештар оилаҳои деҳқонон ҷалб мешаванд. Деҳқонзан Файзинисо Ҷўраева 40 сол инҷониб дар соҳаи токпарварӣ фаъолият мебарад. Тўли ин солҳо ў соҳаи токпарвариро ба пуррагӣ омўхтаасту роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровонро самаранок истифода мебарад. - Ҳосили имсоларо дида завқам меояд, зеро ҳосил фаровон шудаасту ҷамъоварӣ шуда истодааст. Ангури навъи тоифиро пас аз ҷамъоварӣ кардан ба сардхонаҳо месупорем. Барои ғунучини ҳосил аҳли оила заҳмат мекашанд. Аз оғози фасли баҳор меҳнат мекунему то фасли зимистон бо токбуриву токбандӣ анҷом меёбад.

Ҳамин тавр, ризқу рўзии худро аз ҳисоби деҳқонӣ меёбем, - гуфт деҳқонзан. Ҷоиз ба зикр аст, ки аз мева ва барги ток зиёда аз 100 намуди таом ва маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамояд. Дар саноати хўрокворӣ меваи ангур ҳамчун ашёи асосии афшура, нўшокӣ ва шарбатҳои гуногун истифода мешавад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh