Меҳнати чинакчиёну ҳашарчиён бояд саривақт қадрдонӣ гардад

Инак, 20-рӯзаи аввали маъракаи ҷамъоварии пахта низ ҷамъбаст гардида, вусъати корҳои саҳроӣ дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят бо маром ҷараён дорад. Дар маросими ҷамъбастии он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш ҷараёни ҳосилғундориро мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, вазифаҳои аввалиндараҷаи маъракаро муайян карданд.

Чуноне огаҳӣ дорем, тибқи қарори муштараки Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят байни ноҳияҳои пахтакори вилоят кишоварзони шуҳратманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввалро сазовор гаштанд. Калонтарин хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаев, ба номи А.Ҷумъаев ва кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Ҷ.Расулов маҳсуб мешаванд, ки дар ғалабаи ба даст оварда саҳми басо назаррас доранд. ҶСК ба номи А.Ҷумъаев дар 20-рӯзаи якуми маъракаи пахтачинӣ, дар миқёси ноҳия ҷойи аввалро ишғол кард. Чинакчиёни хоҷагӣ дар давраи ҳисоботӣ ба хирмани ноҳияву вилоят 2 ҳазору 635 тонна «тиллоисафед» рехтанд, ки 58,9 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.

-Мо соли равон ба майдони 1668 гектар пунбадона кишта, ният дорем 4500 тонна ҳосил ба даст орем. Новобаста аз кам шудани оби полезӣ, ташкили дурусти кор ба мо имкон дод, ки ҳосили фаровон рӯёнем. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни ташрифашон ба хоҷагии мо дастур доданд, ки нишондиҳандаи дурнаморо ба миқдори 500 тонна зиёд намуда, ҳосилнокии ҳар гектарро ба 30 сентнеррӣ расонем, мо албатта, ин дастури Раиси вилоятро иҷро менамоем, - гуфт зимни суҳбат раиси ҶСК ба номи А.Ҷумъаев Ҳомидҷон Усмонӣ.

Бино ба гуфти роҳбарияти ҷамъияти мазкур, имсол кишоварзони хоҷагӣ ҳосилнокии ҳар гектарро ба ҳисоби миёна ба 20 сентнерӣ расонидаанд. Дар густурдани хирмани пахта ба аҳли хоҷагии ҶСК «А.Ҷумъаев» ҳашарчиёни ҳимматбаланд аз ҳисоби занони хонашин, кормандони муассисаҳои тандурустиву маориф ва дигар корхонаҳо дасти мадад дароз мекунанд. То имрӯз беш аз 70 фисади нақшаи пахтасупорӣ иҷро шуда, ба ҳисоби миёна рӯзе то 150- 200 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ мешавад.

-Дар ин ғолибият, ки баъди гузашти беш аз даҳ соли охир бори аввал ба он шарафёб гаштем, заҳмату меҳнати кишоварзону чинакчиён назаррас мебошад ва заҳмати ҳар яки ононро бояд саривақт қадр кард,- таъкид дошт Ҳомидҷон Усмонӣ. Бо мақсади аз наздик огаҳ шудан аз рафти ҷамъоварии пахта чун ба чанде аз бригадаҳои ин хоҷагӣ раҳсипор шудем. Дар бригадаи рақами 20-уми ҷамъияти мазкур барои чинакчиёну ҳашарчиён дастархони идона ороста, барномаи фарҳангии ҳунармандони маҳаллӣ табъи ҳамагонро шод намуданд.

- Дар хоҷагӣ ҷамъоварии ҳосил вусъати тоза гирифтааст. Дар ҷамъоварииин хирман ба аҳли хоҷагӣ ҳашарчиёни ҳимматбаланд аз ҳисоби занони хонашин, кормандони муассисаҳои тандурустиву маориф ва дигар корхонаҳо ҳамарӯза ба кӯмаки деҳқон рафта, бо ин шароити иқтисодии хешро боло мебаранд, - мегӯяд сардори ин бригада Мӯъминҷон Неъматов.

Ҳар рӯз беш аз 60-70 нафар чинакчиёни пешқадам, аз ҷумла Хайриҷон Ғаниева, Бадалхон Бобоҷонова, Нурӣ Бобоева, Гулсара Қодирова ва дигарон ба майдони пахтазор баромада, беш аз 100-150 килограмм дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ менамоянд. Бино ба гуфти роҳбарият солҳои пешин аз ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов чинакчиёнро меовардем, ки аз ҳар ҷиҳат бароямон зараровар буд.

Алҳол маблағи чиниши пахтаро, зиёд гардонида, ҳар бегоҳ дар сари тарозу меҳнати чинакчиён саривақт пардохта мешавад, сокинони маҳаллӣ худ ҳавасманданд, ки ба саҳро баромада меҳнати пурсамар намоянд.

-Бояд меҳнати марди деҳқон ва ҳам чинакчиён саривақт қадрдонӣ гардад, агар онҳоро ҳавасманд намуда рӯҳбаланд созем боманфиат хоҳад буд. Чун ҳамагон медонем, иҷрои босифату саривақтии нақша асосан аз меҳнати онҳо вобастагӣ дорад, - баён дошт дар суҳбат роҳбари хоҷагии мазкур Ҳ. Усмонӣ.

Маъмурахон САМАДОВА, 

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh