РУШДИ ҚЎТОСПАРВАРӢ ТАДБИРАНДЕШИИ МУШАХХАСРО МЕТАЛАБАД

Қӯтоспарварӣ дар кишвар яке аз дастовардҳои беҳтарини солҳои истиқлолият ба шумор меравад. Қӯтос ҳайвонест, ки дар минтақаҳои баландкӯҳи oбу ҳавояш сард зиндагӣ карда, ғизои он буттаву растаниҳои қадпаст мебошад.

Аз қӯтос шир, пашм, гӯшт, пӯст, насли хуб мегиранд ва парвариши он дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд солҳои охир ба роҳ монда шудааст. Махсусан, дар шаҳру ноҳияҳое, ки иқлимашон барои парвариши он хубу мусоид аст. Қӯтос нисбат ба молҳои дигар нигоҳубини камтарро талаб мекунад, зеро агар барои парвариши гову барзагов, аспу буз ва дигар намуди чорво муҳайё кардани шароити хуби зист, чун бошишгоҳу оғилхонаҳо ва чарогоҳ ҳатмӣ бошад, пас барои қӯтосҳо ҳавои софу беғубор ва алафу гиёҳҳои кӯҳистон кифоя аст.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруф Шарифиён, алҳол дар қаламрави вилоят 2051 сар қӯтос, аз ҷумла дар сектори ҷамъиятӣ 288 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ1100 сар ва аҳолӣ663 сар мавҷуд аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 31 сар зиёд мебошад. Қӯтос асосан дар ноҳияҳои Айнӣ (1076 сар), Кӯҳистони Мастчоҳ (908 сар) ва шаҳри Панҷакент (67 сар) павариш мешавад, зеро он ҳайвони кӯҳӣ буда, дар баландии то 2 ҳазор метр чарида мегардад. Ҳолати кунунии парвариши қӯтос дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нигаронкунанда буда, масъулин се сол инҷониб насли онро зиёд карда наметавонанд.

Доир ба масъалаи мазкур сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Фаёззода Барӯманд изҳор дошт, ки баҳри амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳа тадбирҳои мушаххасро рӯи кор оварданд. Аз он ки иқлими сарду хунук ва камалафи чарогоҳҳои баландкӯҳи водии Зарафшон ба талаботи шартӣ ва биологии қӯтосҳо мувофиқ аст, рушди соҳа дар хоҷагиҳои гуногуни ноҳия имкон медиҳад, то чарогоҳҳои табиии баландкӯҳ истифода ва гӯшти арзону парҳезӣ истеҳсол карда шавад. Алҳол дар ноҳия 908 сар қӯтос парвариш ёфта истодааст. - Ҳанӯз соли 2016, аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ба Хоҷагии деҳқонии “Ҳаётиён” 10 сар қӯтос аз Бадахшон ворид карда шуд. Иқлими ноҳия барои парвариши ин намуди чорво мувофиқ аст. Мутаассифона, давоми панҷ сол он ҳамагӣ 7 сар зиёд шуд. Сабаби афзоиш наёфтани чорво ин ҳамлаи гургон аст. Дар фасли сармо ҳайвони ваҳшӣ аз гуруснагӣ қӯтос шикор мекунад ваин ҳолатимкон намедиҳад, ки аз қӯтос насл гирем, - гуфт номбурда.

Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тайи се соли охир дар натиҷаи ҳамлаи гургон чандин сар қӯтос нобуд шудааст ва доир ба масъалаи мазкур борҳо ба масъулини дахлдор муроҷиат кардаанд, вале то ҳол ин масъала бенатиҷа мондааст. Дар ҳолати сари вақт чораандешӣ накардан дар фасли сармои имсола низ шумораи қӯтос кам хоҳад шуд.

- Дар ҳолати садди роҳи гургон шудан, мо имконият дорем, саршумори чорворо зиёд карда, ба натиҷаҳои баланд ноил гардем. Ҳамлаи гургон дар фасли сармо на танҳо ба хоҷагии мазкур, балки ба ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия, ки бо парвариши қӯтос вобастаанд, зарари ҷиддӣ расонида истодааст, - гуфт номбурда.

Дарвоқеъ, қӯтосро аз ҳамлаиҳайвониваҳшӣ эминбояд дошт, зерогӯшти ҷонвари мазкурҳалолу парҳезӣ мебошад. Вазни зиндаи як сар қӯтос аз 500 то 1200 килоро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, қӯтоси ҷавон то 300 кило ва қӯтоси то 15 - сола беш аз 700 кило гӯшти холис дорад. Шири қӯтос парҳезӣ буда, ба бисёр дардҳо шифо ва дармони беҳтарин аст.

Шаҳбону Олимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh