Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят

Дирӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сокинон бо маводи ғизоии нисбатан арзон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои мунтазам гузаронидани ярмарка ба масъулин супоришҳо дод.

Дар ярмаркаи мазкур орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка, полезиҳо, сабзӣ, тухм, шириниҳо, маҳсулоти нонӣ ва дигар маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ чунин ярмаркаҳо ташкил карда мешавад, ки роҳандозии ин иқдом  боиси қаноатмандии сокинон гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh