Шиносоӣ бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ дар ноҳияи Деваштич

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ шинос гардид.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар фермаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҳоҷӣ Рауф” беш аз 16 ҳазор сар парранда барои истеҳсоли тухм нигоҳубин карда шуда, дар соли гузашта 858 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Фермаи мазкур аз се қисмат (корпус) иборат буда, ҳар се қисмат ба пуррагӣ фаъолият дорад ва дар он 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар фермаи соҳибкор Шомурод Шобаротов бошад 50 сар моли калони шохдор барои истеҳсоли гӯшт парвариш шуда истодааст.

Дар фермаи дигар, ки аз тарафи соҳибкор Ҳамдам Сиддиқов сохта шудааст, парвариши 120 сар чорвои калони зоти “Симентал” барои гӯшт ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят ташкили чунин фермаҳоро барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла тухм ва гӯшт муҳим арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолият ва зиёд намудани саршумори чорвою паранда ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh