ПАРВАРИШИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ НИГОҲУБИНИ АЛОҲИДАРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Чунонки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, имрӯз бояд дар самти кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус мева ба истеҳсоли маҳсулоти бозоргир, хушсифат, ба содирот нигаронидашуда диққати бештар равона гардад. Ин аст, ки кишоварзони вилоят бо заҳмати софдилона баҳри баланд бардоштани самаранокии меҳнати хеш ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулот кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тайи чанд сол аст, ки меваҳои шаҳдбору хушлаззати боғоти вилояти Суғд ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушккардашуда ба бозорҳои ҷаҳон содирот гардида истодааст. Ҳатто, сокинони он сӯи уқёнус-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зардолуи қандак ва қоқи мирсанҷалии боғоти вилояти моро истеъмол мекунанд. Аз ин ҷиҳат, бо дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат аз соли 2010-ум инҷониб дар қаламрави вилоят бунёди боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шуда, он сол то сол бартарияти худро нишон дода истодааст ва деҳқонону боғпарварони баҳри ҳарчи афзун намудани масоҳати чунин боғот кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Мухбирамон бо номзади илмҳои кишоварзӣ, олими намоёни соҳаи боғпарварӣ, ихтироъгари навъҳои наву серҳосили зардолу, корманди илмии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории филиали вилояти Суғдии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Тоҷибой Бойматов ҳамсуҳбат гардида, бобати бартариятҳо ва тарзи парваришу нигоҳубини боғҳои интенсивӣ пурсон шуд.

- Тайи солҳои охир маҳсулоти боғоти маҳаллии мо бо тамъу лаззати нотакрори худ дар арсаи ҷаҳон харидоргир гашта истодааст. Ва ин кишоварзонро водор менамояд, ки масоҳати бунёди боғоти меваро ҳарчи бештар намоянд. Аз ҷумла мувофиқи нақшаи дурнамо агар соли 2021 дар вилоят бунёди 170 гектар боғ пешбинӣ гардида бошад, амалан дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ бунёд карда шуд, ки ин рақам нисбат ба нишондоди пешбинишуда 4,6 баробар афзун мебошад. Ҳамчунин то ин давра дар қаламрави вилоят 84,9 гектар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 33 гектар, Бобоҷон Fафуров 39 гектар, Конибодом 3 гектар, Ашт 7,5 гектар, Айнӣ 2,4 гектар, Спитамен 4 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд шудааст. Бартарияти асосии бунёди боғҳои интенсивӣ дар он аст, ки агар дарахтони боғҳои экстенсивӣ бо шакли 8х8 ва 10 х 10 метр шинонда шаванд, пас ниҳолони боғоти интенсивӣ ба намуди 3х1 ва 4х2 шинонида мешаванд, ки дар ин тарз ба ҳар як гектар то 3000 бех ниҳол рост меояд. Ин аз тарзи экстенсивӣ қариб 1250 бех изофа аст. Ва агар аз ҳар гектар боғҳои экстенсивӣ ба ҳисоби миёна 10-12 тонна ҳосил бардошта шавад, пас аз ҳар гектар боғи интенсивӣ 40-50 тонна ҳосил ба дастмеояд. Ин барои кишоварзон дастоварду бурди хеле азим аст. Афзалияти дигари чунин боғот дар масоҳати кам фарогирии теъдоди зиёди ниҳолҳо буда, ҳамчунин дар ин тарз коркарди байни қаторҳо, буридани дарахтон, додани заҳрдору, башаклдарории дарахтон, додани озуқаву обёрӣ хеле осон аст. Дар боғҳои интенсивӣ ғунучини ҳосил дастӣ ба роҳ монда шуда, аз ин ҷиҳат сифати мева пурра нигоҳ дошта мешавад. Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров дар хоҷагиҳои ба номи Т. Қӯшатов дар 1 гектар боғи интенсивии зардолу ва А. Ҷумъаев дар масоҳати 1,5 гектар боғи интенсивии себ бунёд карда шудааст. Дар ҳудуди Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории мо бошад, дар масоҳати 8 гектар парвариш ва нигоҳубини чунин боғ ба роҳ монда шудааст. Тамоми хоҷагиҳои боғу токпарварии вилоят дар асоси тавсияҳои олимони Институти мо корбарӣ намуда, парвариши боғҳои интенсивиро ба роҳ мемонанд. Ниҳоли боғҳои интенсивӣ дар соли 3 ё 4-ум ба ҳосил медароянд. Солҳои аввал бошад, аз 15 то 20 килогӣ ҳосил медиҳанд.

Ҳамин тавр дар ноҳияи Спитамен таҳти назорати олимони институт се солинҷониб парвариши4 гектар боғи интенсивии себ ва дар 1 гектар боғи зардолу, дар шаҳрҳои Конибодому Исфара низ парвариши чунин боғот ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳри Исфара бисёртар парвариши себ ва олу сурат гирифта, боғпарварони хоҷагиҳои деҳқонии “Гулистон” ва “Баҳористон” боғи зардолу ва олуро тариқи технологияи пешқадаму замонавӣ ба роҳ мондаанд ва аз ҳар бех беш аз 50- 60 килогӣ ҳосил ба даст меоранд. Чунонки маълум аст, бо дастуру супориши Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғҳои интенсивӣ роҳи васеъ кушода шуда, алҳол бо дастгирии Раиси вилоят коркарди байни қаторҳо, коркард бо заҳрдоруҳо дар мавсими аввалибаҳор, яъне пеш аз бедор шудани муғчаҳо дар боғоти интенсивӣ сари вақт гузаронида мешавад. Ин баҳри он мусоидат менамояд, ки дар вақташ тадбирҳои агротехникӣ амалӣ гардида, бехи дарахтон аз ҳашароти зараррасон ҳифз гардад ва аз ҳар гектар ҳосили дилхоҳ ба даст ооварда шавад.

Нишондиҳандаҳои ба дастовардаи деҳқонону боғпарварони вилояти овозадори Суғд дар соли ҷашни фархундаи мамлакат, бахусус дар самти боғдорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар раванди расидан ба ҳадафи стратегии кишвар- ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши боризи хешро гузоштаанд. Ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба таври алоҳида зикр намуданд, ки маҳз ба шарофати заҳмати кишоварзон фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардида, мардуми мамлакат аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқиси накашиданд, ҳатто маҳсулоти хушсифати худро ба мамолики мухталифи дунё содир намуданд. Албатта, боиси сарбаландиву ифтихори ҳар як нафар деҳқону боғпарвар, ҳар як кишоварз, аз ҷумла олимони соҳа аст, ки ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ин ҳар яки мо, кормандони соҳаро ба меҳнати дучанд, бо эҳсоси масъулияти бештар водор менамояд.

Имрўзҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар қаламрави вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараёни тоза гирифтааст. Раиси вилоят дар ҷараёни ниҳолшинонӣ, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ дар шаҳри Истаравшан ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Мастоҳ ва Зафаробод иштирок намуд. Дар ин раванд кишоварзону боғпарварони вилоят нақша доранд, дар соли равон, ки соли ҷашнҳои мўътабари кишвар-25-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI-уми Шўрои Олӣ аст, дастовардҳояшонро афзун ва ба санаҳои таърихии фархунда армуғони арзанда пешкаш намоянд. Аз ҷумла боғпарварони ноҳияҳои Спитамен ва Деваштич ўҳдадор шуданд, ки бештар аз 100 гектарӣ боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ бунёд намоянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh