Таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ-талаби замон

Хабарнигори ҷамоатии рўзнома бо директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳимоя ва ҳамкорӣ» Амонулло Мусоев нисбат ба супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят оид ба такмили минбаъдаи таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ сўҳбат намуд, ки фишурдаи он дар поён оварда мешавад.

–Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дар тамоми вохўриҳояш бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ аҳамияти махсус дода, нисбат ба азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷм супоришҳои мушаххас доданд.

Аз сабаби он ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳимоя ва ҳамкорӣ» солҳои тўлонӣ дар ҷодаи огоҳо-нидани мардум оид ба азнавташкилкунии хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият дорад, мехостам, ақидаи шуморо ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати супоришҳои сарвари вилоят муайян намоям.

--Иқдоми Сарвари вилоят нисбат ба такмили минбаъдаи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои кишоварзӣ бағоят муҳим, зарур ва ҷавобгўи талаботи замон аст. Имрўз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки хоҷагиҳои калонҳаҷм тибқи талаботи Қонун ва ба манфиати деҳқон таҷдид карда шаванд. Маълум аст, ки зиёда аз 70% аҳолии Тоҷикистон дар қишлоқ кору фаъолият доранд. Аз дигар тараф, теъдоди зиёди кормандони кишоварзиро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин рў, беҳбудии рўзгори қисми зиёди аҳолии мо ва махсусан сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии он занону духтарон, ки дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат мекашанд, аз рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

–Солҳои пеш қариб тамоми хоҷагиҳои ҷамоавӣ (коллективӣ), яъне колхозҳо ва хоҷагиҳои давлатӣ-совхозҳо таҷдид шуда буданд. Шояд ин чорабинӣ барвақт буд ё камбудиҳо дошт?

- Бале, Шумо дуруст қайд кардед, ки солҳои пеш, аз соли 1993 инҷониб азнавташкилдиҳии хоҷагии кишоварзӣ оғоз шуда буд. Албатта, дар ин раванд мисолҳои мусбат низ вомехўранд. Аммо қисми зиёди хоҷагиҳои калон, яъне колхозу совхозҳо бе тайёрии пешакӣ, бе огоҳонидани мардум ба кооперативҳои истеҳсолӣ ва ё ба хоҷагиҳои деҳқонии шарикӣ табдил ёфтанд. Яъне, ҳамон як колхози калон ба кооперативи истеҳсолӣ табдил дода шуд. Дар натиҷаи чунин таҷдиди рўякӣ деҳқон барои самаранок истифода бурдани замин манфиатдор нашуд.

Таҷрибаи корӣ нишон дод, ки хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонии калон, ки садҳо саҳмдор доранд, фоидаи зиёд ва фаъолияти самаранок доранд. Чунки дар хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ муносибат ба замин дилсўзона буда, ҷалби сармоя ба чунин хоҷагиҳо осонтару бештар мебошад. Ин маънои онро надорад, ки фақат хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ самаранок ҳастанду халос. Ҳамаи шакли хоҷагиҳои деҳқонӣ, чи коллективӣ ва чи кооперативҳои истеҳсолӣ дар ҳолати ташкили ихтиёрӣ ва ба роҳ мондани шаффофияти идоракунии он, таъмини риояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзо пурсамару судманд шуда метавонанд.

Яке аз мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии шарикӣ (ҷамоавӣ) ин риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” мебошад. Яъне дар хоҷагиҳо набудани ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар идоракунӣ ва тақсими фоида мебошад. Баробари ин барои ташкили хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо роҳи аз хоҷагиҳои деҳқонии калон ҷудо шудани деҳқон низ мушкилоту монеаҳои зиёде мавҷуданд, ки ислоҳи фавриро талаб менамояд.

Боиси таассуф аст, ки масъалаи тақсими молу мулки хоҷагиҳои пешини ҷамоавӣ ва давлатӣ байни саҳмдорон низ то ба охир ҳалли худро наёфтааст. Агар аксари деҳқонон саҳми замини худро донанд ҳам, оид ба саҳми амволиашон тасаввурот надоранд.

Мушкилоти дигар ин тақдири моликияти давлатии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои давлатӣ-собиқ совхозҳо ба вуҷуд омадаанд. Барои фаҳмотар шудан мисол меорам, ки дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои давлатӣ-совхозҳое, ки моликияташон сирф давлатӣ буд, ба тавозуни (баланси) хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис молу мулк, аз қабили трактору мошинҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ гузаронида, бо мурури замон аксари ин амвол кўҳнаю корношоям шудааст ва худи хоҷагӣ наметавонад, онро мустақилона аз эътибор соқит намояд ва ё бегона намояд, чунки ихтиёрдории он ба салоҳияти мақомоти идораи амволи давлатӣ дохил мешавад.

–Мантиқан савол пайдо мешавад, ки чӣ бояд кард? Ба ақидаи Шумо, таҷдиди минбаъда бояд чӣ гуна амалӣ шавад?

-Азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои кишоварзӣ танҳо он вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва самаранок мешавад, ки ин раванд бо риояи чунин муқаррарот гузаронида шавад:

-таъмини қонунияти таҷдид –азнавташкилдиҳӣ. Ҳамаи амалиёти азнавташкилдиҳӣ бояд аз рўи талаботи қонун ба роҳ монда шавад. Барои таъмини қонуният сараввал кишоварзонро аз моҳияти қонунҳои мавҷуда нисбати азнавташкилдиҳӣ огоҳ намудан лозим аст. Ин имконият медиҳад, тамоюлҳои номатлуб-сўиистифодаи мансаб, поймолкунии ҳуқуқи деҳқони оддӣ, ки аксаран занону духтаронанд, пешгирӣ карда шаванд. Танҳо таъмини қонуният имконият медиҳад, ки саҳми молу мулкӣ ва саҳми замин байни деҳқонон одилона тақсим карда шавад;

- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият – ин имконият медиҳад, ки ҳар як деҳқон дар раванди таҷдид фаъолона иштирок намояд, нисбат ба саволҳои худ маълумот гирад ва оид ба лоиҳаи ояндаи азнавташкилдиҳии хоҷагӣ ақидаашро баён намояд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ, ки раванди азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои кишоварзиро танзим менамояд, ин «Қоидаҳои аз - навташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоти корхонаҳои кишоварзӣ» мебошад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, таҳти рақами 1775 тасдиқ шудааст. Дар ин санад тамоми паҳлўҳои азнавташкилдиҳӣ возеҳу равшан муқаррар карда шудааст. Дар ин ҳуҷҷати асосӣ таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар мадди аввал гузошта мешавад.

–Боз кадом монеъгӣ ва мушкилот мавҷуд аст, ки шояд раванди азнавташкилдиҳиро халалдор намояд?

–Монеаҳои воқеӣ ва сунъӣ мавҷуданд, ки онҳо дар маҷмўъ пешрафти таҷдидро бозмедоранд. Барои мисол, дар аксари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Конибодом мушкилоти асосӣ он аст, ки қисми зиёди саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ феълан солҳои зиёд бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан дар замин фаъолият надоранд. Онҳо расман аз ҳайати аъзо хориҷ нашудаанд. Дигар мушкилот дар асл тақсим намудани саҳми замин мебошад. Тасаввур кунед, ки хоҷагии деҳқонии шарикӣ дорои 100 га замин мебошад, ки 30 гаи онро боғи зардолу ва 40 гаи онро замини кушоди обёрии табиӣ ва 10 га замини лалмӣ ва 20 гаи он замини обёриаш сунъӣ (мошинӣ) мебошад. Савол пайдо мешавад, ки байни 100 саҳмдор, ки ба ҳар кас 1 га замин рост меояд, тақсимот чӣ гуна бошад? Маълум аст, ки барои таъмини баробарӣ ва адолат бояд замин байни саҳмдорон баробар аз ҳамаи намуди заминҳо, яъне заминҳои обӣ, лалмӣ, заминҳои кушод ва боғ тақсим карда шавад. Ин ҳолат дар ноҳияҳои камзамин, махсусан дар ноҳияҳои боғпарвар бештар мушоҳида мешавад. Вале деҳқонзани оддӣ агар 1 га саҳмашро аз 4 намуди замин 25 сотиқӣ гирад, пас самаранокии фаъолияти ў дар чор ҷой чӣ гуна суръат мегирад?

Бо ин мисолҳо гуфтаниям, ки дар сатҳи қонунгузорӣ низ норасиву камбудиҳо зиёданд. Қонуни мавҷудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба талаботи рўз ҷавобгуй нест. Зарурати ворид намудани тағироту иловаҳо ба миён омадааст. – Оё дар Тоҷикистон замин, аз он ҷумла заминҳои кишоварзӣ мавриди хариду фурўш қарор мегирад?

- –Тибқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 2 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Санаи 1 августи соли 2012 ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ворид карда шуданд, ки онҳо барои минбаъд ташкил намудани бозори ҳуқуқи истифодаи замин заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Баъди қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор, ки аз ҳамин Кодекс бармеояд, ҳуқуқи истифодаи замин мавриди хариду фурўш қарор мегирад.

– Дар ин маврид оё эҳтимоли харидани замин, яъне ҳуқуқи истифодаи он аз тарафи шахсони хориҷӣ зиёд намешавад?

–Дар асоси моддаи 2-юми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Инчунин қайд кардан лозим аст, ки андозаи ниҳоии (ҳадди ақал ва ҳадди аксари) қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти гуногун, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо дода мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин дар асоси қонун имконият медиҳад, ки замин соҳиби аслии худро ёбад ва истифодаи он самараноктар бошад.

-Ҳангоми ба хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ табдил додани хоҷагиҳои калон масъалаи ҳақроҳа, яъне истифодаи замини дигар шахс барои гузаронидани об ё чорво ва ё техникаи кишоварзӣ ба миён меояд. Ин мушкилот чӣ гуна ҳал мешавад?

–Ин масъала дар иловагӣ ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ба Кодекси замин соли гузашта мафҳуми сервитут ворид карда шуд. Сервитут аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш истифодаи маҳдуди замини як шахс аз тарафи шахси дигар мебошад. Сервитут ин ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаҳои замини дигар заминистифодабарандагон мебошад. Дар Кодекси замин ду намуди сервитут муайян карда шудааст: сервитути хусусӣ ва сервитути оммавӣ.

Сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Истифодабарандаи қитъаи замине, ки ба он сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шудааст, ҳуқуқ дорад, аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон муқаррар гардидааст, пардохти мувофиқро талаб намояд (моддаи 101 КЗ ҶТ).

Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рўи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) метавонад, муқаррар карда шавад.

Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) дар мавридҳое, ки он барои таъмини манфиатҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ зарур бошад, бе гирифтани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.

– Аз тарафи ташкилоти Шумо барои амалӣ намудани супоришҳои Сарвари вилоят оид ба азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷм чӣ гуна чорабиниҳо пешбинӣ шудааст?

–Мо ташаббуси Сарвари вилоят Абдураҳмон Қодириро ҳаматарафа амалан дастгирӣ менамоем. Барои огоҳонидани кишоварзон оид ба Қоидаҳои азнавташкилдиҳии хоҷагию корхонаҳои кишоварзӣ ташкили омўзишу тренингҳо ва сўҳбатҳои атрофи мизи мудаввар пешбинӣ шудааст. Инчунин мо омода ҳастем, барои арзёбии молу мулки хоҷагиҳо ёрии амалӣ расонем. Хуллас, дар доираи имконият ва ваколатҳои худ омода ҳастем, барои қонунӣ, бо таъмини шаффофият ва ошкорбаёнӣ гузаштани раванди таҷдид саҳмгузор бошем.

Сўҳбатнигор
Муқимҷон АБДУРАҲМОНОВ

Add comment


Security code
Refresh