КАФИЛИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Бо мақсади ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи босамари замин, зиёд намудани кишти такрорӣ ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати роҳбарону кормандони масъули сохторҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент бо рафти киштукору парвариши зироат ва истифодаи замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии сокинон шинос шуда, бо онҳо суҳбату мулоқот анҷом доданд.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва сармутахассиси бахши вилоятии Агентии “Тоҷикстандарт” Эркин Музаффаров, ҳамроҳ бо муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода, кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо ҳолати истифодаи замин, кишти такрорӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои кишоварзии сокинон шинос шуда, бо фаъолон ва кишоварзон мулоқот намуданд.

Дар суҳбат бо онҳо таъкид шуд, ки коҳиш ёфтани воридоти маҳсулоти ғизоӣ, боло рафтани нархи орду равған ва дигар маҳсулот, ки таъсири вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон мебошад, танҳо ба василаи истифодаи босамари замин, ба роҳ мондани парвариши дурусти зироат, афзун намудани кишти такрорӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ ҷуброн кардан мумкин аст. Ҳангоми боздид ва мулоқоту суҳбатҳо кишоварзон ҷонибдорӣ ва омодагиашонро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, оид ба фаъолияти номуназзами баъзе пойгоҳҳои обкашӣ, баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои кимиёӣ ибрози назар намуданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳриро барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда муваззаф намуд. Дар маҷмӯъ, боздиди гурӯҳи корӣ барои сафарбар намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, сокинони деҳот ба истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, роҳандозии дурусти нигоҳубину парвариши зироат ва афзун намудани захираи маводи ғизоӣ дар ҳар оила мусоидат намуд.

Т. СОЛЕҲЗОДА,

шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh