Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дирӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуд ва барои танзими нархи маҳсулот ва нисбатан арзон пешниҳод намудани маводи ғизоӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh