ҶАМЪОВАРИИ ШОЛӢ ОҒОЗ ЁФТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ бояд азхудкунии заминҳои нав вусъат бахшида, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор шаванд. Дар ин радиф вазорату кумитаҳо вазифадор гардида буданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини иҷрои барномаҳои қабулшуда мусоидат намоянд.

Шолӣ яке аз зироати озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи масоҳати майдони кишт ва ҷамъоварии ҳосили умумӣ пас аз гандум мавқеи калон дорад. Шолӣ зироати гармидӯст буда, барои шоликорӣ заминҳои мувофиқ ва махсус интихоб мешаванд.

Дар вилояти Суғд ба кишту парвариши ин намуди зироат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад. Махсусан, дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бештар кишти шолӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2021 дар миқёси вилоят дар майдони 9 ҳазору 237 гектар шолӣ кишт шуда бошад, ин рақам соли равон дар кишти асосӣ ба 9 ҳазору 280 гектар баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 43 гектар зиёд мебошад. Дар шаҳри Исфара имрўз ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ба шоликорӣ машғуланд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Бахтиёр Ҷалилов ҳамасола шоликорон аз ҳар гектар ҳосили зиёд ба даст меоранд. Соли 2022 кишоварзон дар майдони 418 гектар кишти шолӣ гузарониданд.

Айни ҳол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 80 гектар дарав намудаанд ва ҳосилғундорӣ идома дорад. Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзон 1580 тонна шолӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 35 сентнерӣ баробар аст. ‐Соли равон низ пас аз заҳмату талошҳои зиёд, ки деҳқонон барои гирифтани ҳосили баланд меҳнат намудаанд, интизор аст, аз ҳар як гектар замин аз 35 то 60 сентнерӣ ҳосил рўёнида шавад,‐гуфт Б.Ҷалилов. Ҳангоми сафар ба шаҳри Исфара аён гардид, ки руҳияи мардум хуб буда, сокинону кишоварзони Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳр аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, дар заминҳои киштнамудаи худ саргарми кор буда, дар баъзе хоҷагиҳо деҳқонон дарави шолии пухтарасидаро оғоз намудаанд.

Бино ба иттилои раиси ҷамоати мазкур Лайсиддин Юсуфов дар ҷамоат дар зиёда аз 70 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст ва ҷамъоварии ҳосил оғоз гардида, кишоварзон умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ яке аз ноҳияи калони шоликор ба ҳисоб рафта, майдони кишти ин зироат сол ба сол зиёд мешавад. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев имсол кишоварзон дар майдони беш аз 2 500 гектар кишти шолӣ гузарониданд ва дар баъзе хоҷагиҳо аллакай маъракаи дарави он оғоз ёфтааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳо бояд аз ҳар як гектар то 55 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад. Дар ноҳия зиёда аз 7 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аксарияти ин хоҷагиҳо ба кишту парвариши шолӣ машғуланд. Тибқи иттилои масъулин кишти шолӣ асосан дар хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон Мақсудов», ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ба роҳ монда шудааст.

Дар умум якчанд навъи шолӣ ба монанди кенҷа, марҷон, чиллагӣ, миёнсолӣ (120 рӯза) кишт мегардад. Бино ба гуфти мутахассисон кишти шолиро асосан дар заминҳои шӯр ба роҳ мондан мумкин аст. Зеро оби зери он намакҳои таркиби хокро шуста мебарад ва аз он ҳосили баланди шолӣ ба даст оварда мешавад. Пас аз кишти шолӣ заминҳои шӯрзада дубора ба кишти ҳама гуна зироатҳо омода мегарданд.

Дар навоҳии шоликори вилоят навъҳои гуногуни девзира, кенҷа, марҷон, авангард кишту истеҳсол мегардад. Агар соли гузашта дар маҷмўъ панҷоҳ ҳазор тонна шолӣ истеҳсол гардида бошад, имсол шоликорон нақша доранд, ки ин нишондодро ба 60 ҳазор тонна расонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh