Ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ муайян гардиданд

Дирӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо, раисони навоҳии пахтакор, роҳбарони хоҷагиҳои пешқадами пахтакор иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат қайд кард, ки бо шарофати сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.

Дар доираи таҷлили 31 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудани як қатор иншооти хурду бузург дар заминаи сиёсати дурандешонаву башардӯстона, заҳмату талошҳои шабонарузӣ ва ғамхорию тадбирҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ гардиданд.

Алҳол мардуми вилоят бобати бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ ҷамъбаст намудани ин соли таърихӣ саъйу талоши комил доранд.

-Имрӯз низ мову шуморо ба ин майдон, ки борҳо шоҳиди тантанаҳои меҳнатии мардуми вилоят гаштааст, қадршиносӣ намудани пешқадамони мусобиқаи меҳнатӣ дар маъракаи ғунучини пахта ба ҳам овард.

Бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷӯшу хурӯш буд.

Аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов, инчунин Ҷамоати деҳоти “Ҳаёти Нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолибони мусобиқа дониста шуданд.

Бо истифода аз фурсат, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ғолибони мусобиқаро бо ин зафари меҳнатӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нав ба навро таманно дорам,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Таъкид гардид, ки боду ҳавои имсола новобаста аз тағйирёбии иқлим барои рушди пахта хеле мусоид омад ва пахтакорони вилоят ният доранд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ҳосили хуб ба даст оранд. Дар назар аст, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 134 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрӯз ба хирмани Ватан 55 ҳазору 363,3 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 41,4 фоизи дурнамо баробар мебошад.

Дар баробари ин, кишоварзони вилоят ӯҳдадор гардидаанд, ки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҳаҷми истеҳсоли пахтаро ба зиёда аз 140 ҳазор тонна расонанд.

Дар ҷамъоварии ҳосили имсола, кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Спитамен саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна баробари 2,5 – 3,5 фоизи нақшаи солона ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба рафти чиниши пахта суръат зам намуданд ва пешоҳангони мусобиқа гардиданд.

Деҳқонони чашмикордони хоҷагиҳои деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Ашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа ӯрунхоҷаев, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хоҷагии деҳқонии «Озодҷон»-и ноҳияи Зафаробод, «Гули шоди»-и ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом, «Янгиобод»-и ноҳияи Спитамен ва «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар миқёси вилоят 6455 хоҷагӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, исбот намуданд, ки гузоштани заминаи хуби ҳосил, ташкили дурусти кор, сафарбаркунии саривақтии қувваҳо гарави муваффақият мебошад.

Ҳашарчиёни боҳиммат чун ҳарвақта ба марди деҳқон дасти мадад дароз намуда, дар мавсими долу зарб ҷои худро дар майдони пахтазор мебинанд ва барои бунёди хирмани «тиллои сафед»-и вилоят саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ҳамарӯза дар ҷамъоварии пахта беш аз 60 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, наздик 4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд ва ин ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 60 килограммӣ рост меояд.

Раиси вилоят дар зимн ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дод, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ҷамъоварии дигар зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон бо мақсади пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ дар вилоят «60 рӯзи меҳнати зарбдор!» эълон гардид.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ раисони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов виппели сайёр ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh