ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ – РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои деринаву арзишманди гузаштагони мо эҳё гардида, барои таъмини рушди миллату давлат ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд.Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овард ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ҳадаф аз андешидани чунин тадбир рўи кор овардани фаъолияти бонизоми кишоварзон ‐ офарандагони неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Чун Рўзи кишоварзон соли равон санаи 16‐уми октябр қайд карда мешавад, муҳовараи мухбирамон бо сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён дар ҳамин мавзўъ пешкаши хонандагон мегардад.

‐Муҳтарам Маъруфҷон Шарифиён! Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаро чун сарвари Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд чӣ гуна баҳо медиҳед?

‐Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи кишоварзӣ низ хеле пеш рафт ва воқеан ҳам ин тақозои давр аст. Лозим ба таъкид аст, ки асри навин ин асри пешрафт ва ба дараҷаи олӣ тараққӣ кардани техникаву технологияи муосир арзёбӣ мегардад.

Татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ ба рушди соҳа такони тоза бахшид. Ва татбиқи он, тавре мебинем, имрӯз дар вилояти Суғд низ равшан ба чашм расида, фаъолияти бомароми кишоварзон бори дигар собит месозад, ки нишондиҳандаҳои онҳо тайи солҳои охир бештар назаррас аст. Маврид ба қайд аст, ки давоми соли равон масъулин ва мутахассисони соҳа бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Бо мақсади расонидани кӯмакҳои амалӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати ташкили фаъолияти хоҷагидории муосири ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгӯ, Сарраёсати кишоварзии вилоят ташкили инфрасохтори рушди соҳа, махсусан таъсиси марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла марказҳои хизматрасонии техникӣ, фурӯши тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрдоруҳо ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ, инчунин истифодаи самараноки гармхонаҳо ва сардхонаҳо, ривоҷи соҳаи тухмипарварию зотпарвариро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобид.

‐Мушахассан оид ба дастовардҳои кишоварзони вилоят дар давраи ҳисоботии соли 2022 сухан мекардед.

‐Ҷолиби қайд аст, ки кишоварзони вилоят баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30‐юмин солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бештар таъмин намудани бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ барои истеҳсоли ҳосили соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 279768 гектар кишти зироатҳоро гузарониданд, ки аз он 43237 гектар кишти тирамоҳӣ мебошад.

Дурнамои кишти баҳории имсола дар майдони 177701 гектар пешбинӣ шуда, кишоварзон дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 185421 гектар кишт намуданд, ки дар муқоиса нисбат ба дурнамо 104,3 фоиз ва нисбат ба соли гузашта 3327 гектар зиёд мебошад. Дар мавсими кишти соли 2022 таваҷҷуҳи бештар нисбат ба васеъ намудани масоҳати кишти зироатҳои даромаднок, махсусан картошка ва сабзавоту полезиҳо зоҳир гардид. Ҳамзамон, барои истифодаи самараноки замин ва об, гирифтани ду ‐ се ҳосил аз ҳар гектар замин ва мусоидат намудан дар афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои аз кишти тирамоҳӣ холишуда, дар майдони 23385 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба дурнамо ин нишондиҳанда 120,8 фоизро дарбар мегирад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1‐уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 826 миллиону 656,1 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 112,0 фоизро ташкил мекунад. Кишоварзони вилоят соли ҷорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ софдилонаю муташаккилона фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишту парвариши 279 ҳазору 768 гектар зироатро амалӣ намуданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 9 гектар зиёд мебошад.

‐Соҳаи пахтакорӣ аз соҳаҳои асосии сектори кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад ва аз рӯи маълумоти оморӣ маълум аст, ки сол аз сол майдони кишти он зиёд гардида, ҳосили он барои таъмини корхонаҳои са‐ ноатӣ дастрас мегардад. Бобати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта чӣ корҳо ба сомон расонида шуданд?

‐Дар ҳақиқат, дуруст қайд намудед, пахтакорӣ аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, рў ба пешравӣ дорад. Вобаста ба шароиту иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук корбарӣ гардида, барои ҳосили соли 2022 масоҳати кишти пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят, тибқи маълумоти оморӣ, ба 57159 гектар расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 7964 гектар зиёд аст. Аз ҷумла, васеъ намудани масоҳати кишти пахта нисбат ба соли сипаригашта дар шаҳру ноҳияҳои Ашт ‐ 140 гектар, Бобоҷон Ғафуров ‐ 288 гектар, Ҷаббор Расулов ‐ 782 ‐ гектар, Зафаробод ‐ 3227 гектар, Истаравшан ‐ 24 гектар, Спитамен ‐ 4 гектар ва Мастчоҳ ‐ 3690 гектар таъмин гардид.

Имсол бо назардошти иқлими мусоиди вилоят дар шаҳру навоҳии пахтакор, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳ тухмии навъҳои аълосифати «Хуҷанд‐67», «Ориёӣ», «Ирам‐1», «Эдесса», «Синзян», «Тиннян», «Флеш» ва «Глория» кишт шудааст. Барои баланд бардоштани ҳосили зироати пахта ва эмин нигоҳ доштан аз ҳашароти зараррасон саривақт гузаронидани коркарди байниқаторӣ, озуқадиҳӣ аз ҷониби мутахассисону олимони соҳа дар шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳи корӣ ташкил шуда, семинару вохӯриҳо доир ба мавзӯи марбути соҳа гузаронида шуд. Мутахассисону кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакори вилоят имсол, тибқи дурнамо, тасмим гирифтаанд, ки 133 ҳазору 800 тонна ашёи пурқимати саноатӣ ‐ пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Алҳол дар ин самт ҳамаи қувваи кориву техникӣ равона шуда, пахтачинону ҳашарчиён дар саҳро саргарми ғунучини ҳосиланд. Бино ба маълумоти оморӣ, ба санаи 14 – уми октябри соли равон дар як рӯз дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор 2 ҳазору 740,1 тонна ва аз аввали мавсим 91620,1 тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамарӯза ба майдонҳои пахтазор дар маҷмӯъ наздик 60 ҳазор чинакчиёну ҳашарчиён баромада, барои ғунучини саривақтии ҳосили бо заҳмат ба дастоварди деҳқон кӯмак мерасонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки оғоз аз аввали мавсим Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки маблағи чиниши пахта зиёд карда шавад. Алҳол вобаста ба шароити иқтисодии хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсоливу ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳар килограмми пахта 1 сомонӣ маблағ пардохта шуда истодааст. Ин иқдом чинакчиёну ҳашарчиёнро руҳбаланд гардонида, суръат бахшидан ба рафти чиниши ҳосили пахта ҳавасманд менамояд. Воқеан, пешрафти соҳаи пахтакорӣ аз ҳар ҷиҳат муфид буда, ба рушди иқтисодиёти кишвар, алалхусус саноати сабук таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон, рушди соҳаи пахтакорӣ имконият медиҳад, ки мардум бо ҷойи корӣ таъмин гашта, даромади хуб низ ба даст оранд.

‐Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ин картошкапарварӣ маҳсуб меёбад. Зеро сокинони мамлакат онро нони дувум меҳисобанд. Аз ин лиҳоз ба ин бахши муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат диққати махсус равона гардидааст. Ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар дар мамлакат майдони кишти картошка афзун мегардад. Дар ин самт чӣ натиҷа ба даст омад?

‐Дарвоқеъ картошкапарварӣ бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Аз сабаби серистеъмол будан ва таъмин намудани бозорҳои дохилии кишвар дар миқёси вилоят ҳамасола майдони кишти картошка зиёд мегардад. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба ин соҳа диққати махсус равона гардида, хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамасола бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин мегарданд. Ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли картошкаи хушсифат деҳқонони вилоят аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Асосан кишти картошка дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилоят, аз қабили Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент ба роҳ монда шудааст.

Дар самти картошкапарварӣ баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, афзун гардонидани иқтидори содиротӣ ва ба ин васила танзим намудани нархи картошка дар бозорҳои дохилӣ, дар мавсими имсола ба васеъ кардани масоҳати кишти он дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба ин мақсад дар 15308 гектар кишти картошка гузаронида шуд. Имсол дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ‐ 349 гектар, Деваштич – 317 гектар, Исфара – 24 гектар, Айнӣ‐17 гектар зиёд кишти картошка нисбат ба соли гузашта гузаронида шудааст.

Истеҳсоли картошка то 1‐уми октябри соли равон дар бахши кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 321 ҳазору 058 тонна баробар гардид. Истеҳсоли картошка дар шаҳру ноҳияҳои Исфара‐27823 тонна, Бобоҷон Ғафуров‐ 6862 тонна, Истаравшан‐36490 тонна, Шаҳристон‐34897 тонна, Панҷакент – 45381 тонна, Кўҳистони Мастчоҳ‐45900 тонна ва Деваштич‐100 ҳазору 664 тоннаро ташкил дод. Ҳамагӣ дар вилоят 321 ҳазору 58 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 35 ҳазору 628 тонна зиёд аст.

‐Боғу токпарварӣ аз қадимулайём хоси мардуми вилоят аст ва ҳамасола баҳри бунёди майдонҳои нав ва азнавсозии боғҳои кӯҳна тадбирҳои судманд андешида мешавад. Андешаҳои шумо дар ин бора.

‐Тибқи маълумоти оморӣ ба санаи 1‐уми октябри соли равон бунёди боғу токзорҳои нав ба 845,4 гектар баробар гардид, ки нисбат ба дурнамо 3,6 маротиба зиёд ва нисбат ба соли пешин 45,6 гектар зиёд таъмин шудааст. Аз май‐ дони умумии боғҳои бунёдгардида зиёда аз 148 гектари онро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад.

‐Соҳаи чорводорӣ низ аз соҳаҳои марбут ба рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад ва оид ба фаъолияти чорводорони вилоят чӣ ақида доред?

‐Дар соҳаи чорвопарварӣ ҷиҳати афзун намудани саршумори чорво, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ фаъолияти мутахассисон равона гардида, дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ, ба санаи 1‐уми октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят парвариши 724102 сар чорвои калон, аз он наслдеҳ 397679 сар, 1 миллиону 730 ҳазору 361 сар гӯсфанду буз, 8824 сар асп, зиёда аз 5 миллиону 395 ҳазор сар паранда амалӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳамаи намуди саршумори чорво таъмин шуд. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят саршумори чорвои калон 49243 сар, аз он наслдеҳ 14526 сар, гӯсфанду буз 245449 сар, асп 2089 сар ва паранда 4 миллиону 600 ҳазору 816 сарро ташкил дода, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисоби миёнаи афзоиши саршумор нисбати 1‐уми октябри соли пешин таъмин гаштааст.

Аз ҷумла афзоиши маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ низ таъмин шуда, дар ин бахш нисбат ба сатҳи соли пешин 755 тонна гӯшт, 1242 тонна шир, 126 миллиону 156 ҳазор дона тухм ва пашм 4 тонна зиёд истеҳсол шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов ба ҳисоби миёна 1364 ‐ килограммиро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба санаи 1‐уми октябри соли гузашта 87 килограммӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, наслгирӣ аз 100 сар чорвои калон 55 ‐ сарӣ буда, 2 ‐сарӣ зиёд аст, аз 100 сар гӯсфанду буз 92 ‐ сарӣ насл гирифта шуд, ки он баробари нишондиҳандаи соли гузашта мебошад. Тухмгирӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар мокиён дар вилоят 210 ‐ донагиро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32 ‐ донагӣ афзудааст. Ҳамаи ин нишондодҳо гувоҳи онанд, ки кишоварзони вилояти Суғд баҳри дар амал татбиқ гардонии Барномаи амнияти озуқаворӣ меҳнати сидқидилонаро ба ҷо меоранд. Ва боварии комил дорам, кишоварзони соҳибтаҷриба минбаъд низ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам рушду ёфтани ин соҳа кӯшиш мекунанд.

‐Чун дар остонаи иди касбӣ ‐ Рӯзи кишоварзон қарор дорем, Шумо ва дар шахси Шумо ҳамаи онҳое, ки дар офаридани неъматҳои моддӣ дар тамоми давраҳои фаъолият мондагиро ҳис накарда, барои файзу баракати дастархони сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, табрик гуфта, бароятон рӯзгори обод, тансиҳативу зафарҳои нав ба нави меҳнатиро таманно дорем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh