ЗАРКОРОНИ НОҲИЯ БА МАРРА НАЗДИК МЕШАВАНД

Имрӯзҳо пахтакорони вилоят аз ҳавои софу беғубори тирамоҳи заррин истифода намуда, баҳри ҷамъоварии “тиллои сафед” ҷидду ҷаҳд доранд. Онҳо баҳри он мекӯшанд, ки ҳарчи бештар дар оростани хирмани бобаракати бобои деҳқон саҳми намоён гузоранд.

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин маъракаи ҳосилғундорӣ басо пешсаф буда, саҳмдорон бо қувваи худ ҳосилро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Аз ин рӯ, дар ҷамъбасти 20‐рӯза, ки дар маркази вилоят‐шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, заркорони ноҳия ҷои дуюмро ишғол намуда, аз ҷониби Раиси вилоят бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хайрулло Бобозода, пахтакорон имрӯз ҳама дар корзори меҳнат баҳри ба иҷро расонидани дурнамо саҳми намоёни худро гузошта истодаанд. Ногуфта намонад, ки Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар ин мусобиқа барои нишондиҳандаи баланди меҳнатӣ ҷои аввалро соҳиб гардид.

Раиси ҷамоат Нодир Усмонзода буда, баҳри ба даст овардани ғалабаи меҳнатӣ ба кишоварзон дасти мадад дароз намудааст. Бояд изҳор дошт, ки дар ҷамоат ду хоҷагӣ амал менамоянд, ки онҳо кишоварзони Ассотсиатсияи “Ғаллакор2014”, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ”Зафар Тоҷикистон” дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд.

Кишоварзони ноҳия дар майдони 4852 гектар пахта кишт намуда буданд. Дурнамои ноҳия ёздаҳ ҳазору чорсад тоннаро ташкил медиҳад. Бояд изҳор намуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 3469 адад хоҷагии ҷамъиятӣ ва 888 адад хоҷагии деҳқониро дарбар мегирад. Воқеан, чиниши пахта дар ноҳия аввалҳои моҳи сентябр оғоз ёфта, заркорони ноҳия ба хирман 8 ҳазору 548 тонна дурри гаронбаҳоро ҷамъоварӣ намуданд, ки он 75 фоизи нақшаи пахтасупориро ташкил менамояд. Бояд тазаккур дод, ки чинакчиёни ноҳия маблағи пули пахтаи чидаашонро сари вақт ба ҳар килограмм 1‐1,20 сомонӣ мегиранд. Аз ин рӯ кӯшиш намуда истодаанд, ки аз имрӯза бештар дурри гаронбаҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани бобои деҳқон супоранд.

Аҳли ҷамоатчигии ноҳия кӯшиш доранд боқимондаи ҳосилро, ки 2852 тоннаро ташкил медиҳад, то охири моҳи октябр супорида, дурнаморо сари вақт иҷро намоянд. Аз ин рӯ, онҳо ҳар рӯз дар саҳроҳои нопайдоканор пахта мечинанду ба хирмани Ватан месупоранд. Мо боварии комил дорем, ки кишоварзони ноҳия дар ҷамъбасти бистрӯзаи дуюм низ ғолибиятро аз даст надода, боз ҳам дастболо мегарданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh