ҶАМЪОВАРИИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ ИДОМА ДОРАД
- Details
- Published on Monday, 31 October 2022 09:19
Дар вилояти Суғд аз ҷониби кишоварзону соҳибкорон баробари истеҳсол ва содироти маҳсулоти гуногуни хоҷагии халқ ба парвариш ва коркарди чормағзи заминӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда истодааст. Чормағзи заминӣ яке аз зироатҳои пурқимати равғандор буда, ба ин намуд маҳсулот дар кишвар ва берун аз он талабот бештар гардидааст. Ин аст, ки кишоварзону деҳқонон кишти онро зиёд кардаанд.
Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода, чормағзи заминӣ бештар дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва қисман дар ноҳияи Ашт кишт шудаанд. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1879 гектар, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ашт ‐81 гектар, Бобоҷон Ғафуров ‐255 гектар, Мастчоҳ ‐1385 гектар, Спитамен ‐158 гектар чормағзи заминӣ кишт шудааст. Дар ноҳияи Мастчоҳ то ба имрӯз 6334 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шуда, чиниши он идома дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ имсол кишоварзони ноҳия дар майдони зиёда аз 1385 гектар ин намуди зироатро кишт карда, то ба имрўз беш аз 6334 тонна ҷамъоварӣ намудаанд.
‐Солҳои охир парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагиҳои ноҳия зиёд гардида, деҳқонон аз он манфиати хуби иқтисодӣ мегиранд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз истеҳсоли ин зироат ҳамасола на фақат бозорҳои вилояти Суғд, балки дигар минтақаҳои ҷумҳуриро низ таъмин мекунанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқот бо мардуми ноҳия коркарди чормағзи заминиро ба масъулони соҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода буданд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст, ‐гуфт сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Боймирзоев.
Айни замон ба истиқболи чашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ “Ҷаъфар” ҷараён дорад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Ниёз Ниёзов бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ сохта шуда, метавонад, то 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид шуда, он дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад. Бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омўзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар кишт ва парвариши чормағзи заминӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ диққати махсус дода шудааст. Раиси Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии Ҷамоати деҳоти Чашмасор Абдураҳмон Умиров гуфт, ки дар хоҷагии мазкур дар 400 гектар кишти чормағзи заминиро ба роҳ мондаанд. Аз санаи якуми октябр ғунучини ҳосил оғоз гардида, то ба имрӯз наздик 70 фисади он ғунучин шудааст.
‐Соли равон ният дорем, ки аз як гектар 30 то 35 сентнер ҳосил ба даст орем. Талаботи сокинон ба ин намуд маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудааст. Соли равон нархи чормағзи заминӣ каме боло рафтааст. Агар соли сипарӣ соҳибкорон як килои онро бо нархи панҷ сомонӣ дастрас кунанд, алҳол нархи он ба 8 12 сомонӣ расидааст. Соҳибкорон чормағзи заминиро ба таври хом харидорӣ карда, ба Федератсияи Россия содирот мекунанд, ‐гуфт Абдураҳмон Умиров.
Дар Хоҷагии деҳқонии “Саховат” низ чиниши чормағзи заминӣ бомаром ҷараён дорад. Дар хоҷагии мазкур дар 5 гектар замин чормағз кошта шудааст ва масъулин ният доранд, ки аз ҳар гектар замин 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Соли равон бинобар мусоид омадани обу ҳаво нисбат ба соли сипарӣ 10 сентнер ҳосилнокӣ зиёд гардидааст. Ҳоло 50 60 фисади ҳосил чида шудааст.
Барои сари вақт ғунучин кардани ҳосил наздик 30 нафар чинакчӣ ҷалб гардида, дар як рӯз 60 ‐70 сомонӣ маблағ мегиранд. Хошоки он барои чорво истифода мешавад. Раиси Хоҷагии деҳқонии “Баракат”, Имомқул Ҷумъабоев 30 сол инҷониб бо кишти чормағзи заминӣ сарукор дорад. Таҷрибаи ӯ дар соҳаи парвариш ва нигоҳубини чормағзи заминӣ калон аст ва имрӯз нафароне, ки парвариши ин намуд маҳсулотро бори аввал ба роҳ мондаанд, маслиҳатҳои муфид медиҳад.
‐Аслан чормағзи заминӣ ду навъ дорад, расмӣ ва японӣ. Омода ва хушк кардани чормағзи заминӣ меҳнати зиёдро талаб мекунад ва ҳамасола бо аҳли оилаи худ барои маҳсулоти хуб гирифтан меҳнат мекунем. Соли равон дар чор гектар замин чормағзи заминӣ кишт карда, ҳоло ба чидани он оғоз кардаем. Аз охири моҳи апрел то 10 – уми май тухмии чормағз кишт шуда, моҳи октябр ғунучини ҳосил оғоз мешавад. Барои хуб нашъунамо ёфтани он ва барои нобуд нагардидан аз ҳашаротҳои зараррасон нуриҳои минералӣ амсоли селитра ва карбонат пошида мешавад.
Барои содирот ва ба бозори дохилӣ омода кардани чормағзи заминӣ авввал онро бо кӯмаки ҳашарчиён чидан ва такконидан лозим аст. Онро аввал такконида хушк мекунанд, сипас аз хасу хошок тоза карда, дар дегҳои махсус чанд муддат бирён мекунанд, гуфт Имомқул Ҷумъабоев. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳосили бадастомада, ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ва ба шаҳри Душанбе фиристода мешавад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”