ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ - АРЗАНДА
- Details
- Published on Monday, 28 November 2022 11:00
Заркорони меҳнатқарини ноҳияи шуҳратманди Ашт низ санаи 21 – уми ноябри соли равон дурнамои ҷамъоварии истеҳсоли пахтаро ба иҷро расониданд. "Муждаи зафар"‐ро аз номи аҳли заҳмати ноҳия раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.
Зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Бахтиёр Усмонов иброз дошт, ки имсол майдони кишти пунбадона дар ноҳия бештар гардида, аз 6200 гектари ба нақшагирифташуда ба 6323 гектар расид. Ҳамагон воқифанд, ки соҳаи мазкур соҳаи афзалиятноки кишоварзӣ маҳсуб ёфта, чанд соли охир дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона шудаанд. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли равон бо истифодаи тухмиҳои хушсифати серҳосили навъҳои “Флеш”, “Дӯстӣ”, “Мая” дар муҳлатҳои муқаррашуда гузаронида шуд.
Дар майдони пахтазори ноҳия новобаста аз номусоид омадани обу ҳаво, бинобар саривақт гузаронидани тадбирҳои агротехникии нигоҳубини пахтазор имконият фароҳам овард, ки соли равон низ дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карда шавад. Ба санаи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори зиёда аз 17 ҳазору 300 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 100,1 фоизи дурнамои солона мебошад.
Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон ба 27,4 сентнерӣ расонида шуд. Боиси қайд мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар пахтакорони ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ бори аввал ноил гардиданд. Дар таъмини иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаи ноҳия ҳамаи ҳашт хоҷагиҳои пахтакории ҷамоатҳои деҳоти ноҳия саҳмгузорӣ намуданд. Нақшаи солона дар Ҷамоатҳои деҳоти Ашт 113,2 фоиз, Меҳробод – 111,1, Пунук ‐109,5, Ориён – 104,2, Ошоба – 107,6, Ифтихор ‐105,1 фоиз иҷро гардидааст.
‐Дар ҷамъоварии саривақтиву беталафи ҳосили дастранҷи марди деҳқон саҳми ҳашарчиён басо назаррас буда, дар мавсим ҳамарӯза аз 4 ҳазор то 7,5 ҳазор чинакчиён ба майдони пахта мебаромаданд,изҳор дошт Бахтиёр Усмонов. Пахтакорони ноҳия тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда, ҳосили боқимондаи пахтаро то пағаи охирин ҷамъоварӣ намоянд ва боз 2 ҳазор тоннаи дигар дурри гаронбаҳо ба хирмани ноҳия зам намоянд.
Воқеан, давоми чанд соли охир дар соҳоти мухталифи ноҳия басо пешравиҳову дастовардҳои назаррас дида мешавад. Умедворем, ки роҳбарият ва масъулини сохтору мақомоти гуногун дар раванди ободкориву созандагиҳо баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёти кишвар фаъолияти боз пурсамарро пеш хоҳанд гирифт.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”