КОРКАРДИ ХУЧ ЗИЁД МЕГАРДАД

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани нӯшобаҳо аз ҳар намуди растанию гиёҳҳо истифода мебаранд, ки барои солимии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Яке аз чунин растаниҳо, ки имрӯз хеле маъмул гардидаасту коркарди он рӯз аз рӯз вусъати тоза меёбад, ин растании хуч аст. Номи мардумии растании хуч садбарги худрўй буда, он аввалҳои баҳор асосан дар доманакӯҳҳо, ҷариҳо нашъунамо меёбад. Хуч дар табиат натанҳо дар намуди худрӯй бисёр дучор мешавад, балки онро мардуми мо дар боғот, замини наздиҳавлигии худ парварида афзун низ мекунанд. Зеро бо назардошти пурманфиат будани он барои зиёд намудани ин намуди растанӣ зарурият ба миён омад. Гулҳои хуч сода ва бахмалӣ буда, танаи ин растанӣ хордор аст, танҳо дар сесолагиаш ҳосил медиҳаду мавсими баҳор ва аввали тобистон гул мекунад. Меваҳои хуч шакли мудаввар дошта, шишамонанд ва нокшакл ва шаклаш суфта, рангашон сурхи баланд ва равшану ҷигарӣ доранду ҷило надоранд.

Бояд изҳор кард, ки чор ҳазор навъи хуч мавҷуд буда, он дар минтақаҳои иқлимаш мӯътадил ва субтропикии нимкураи шимолӣ, бештар аз баҳри Миёназамин то минтақаҳои Ҳимолой паҳн шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 18 намуди меваи хуч мавҷуд буда, дар қисмати дарахтзорон паҳну парешон, дар ҷангалзорҳои байни чормағззор ва байни дарахтони сафедору санҷид нашъунамо дорад.

Меваҳои он моҳҳои август ва сентябр пухта, барои чидан омода мегардад. Дар Тоҷикистон солҳои охир парвариши растании хуч ба роҳ монда шудааст. Он дар қади роҳҳо, гирду атрофи заминҳои корам шинонида мешавад. Бино ба гуфти сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров дар вилояти Суғд дар майдони 489 гектар растании хуч парвариш карда мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 711 гектар, Деваштич 13, Панҷакент 8 ва Ҷаббор Расулов 11 гектарро ташкил медиҳад.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Аҳлиддин Баҳриддинов изҳор намуд, ки ноҳияи Ашт имрӯз ҷои асосии парвариши ин намуди растанӣ буда, имсол дар майдони 711 гектар растании хуч кишт кардаанд. Соли 2022 дар масоҳати 120 гектар боғи нави хуч бунёд карда шуд. Аз соли 2017 то ин дам дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия 1850 тонна хуч истеҳсол гардид. Бояд изҳор намуд, ки сол аз сол талабот ба ин намуди растанӣ хеле зиёд гардида, коркарди он дар баъзе минтақаҳо ба роҳ монда шудааст. Соли 2021 ҳосилнокӣ агар дар ноҳияи Ашт 6,7 сентнериро ташкил диҳад, имсол, яъне соли 2022‐юм 14,7 сентнериро ташкил намуд, ки он нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд аст. Чӣ хеле, ки Аҳлиддин Баҳриддинов изҳор намуд, асосан ниҳолакони хуч дар ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Меҳробод ва Понғоз зиёд буда, сол аз сол боғи нави хуч тамоили зиёдшавӣ дорад. Бояд изҳор намуд, ки имрӯз аҳли хоҷагии деҳқонии Хоҷа Карим дар гармхонаи худ қаламчаҳои хучро парвариш карда, тамоми ҷумҳуриро бо ин намуди растании ҳосилдеҳ таъмин месозад.

Дар ноҳия ҳамзамон барои бандубасти растании хуч ҶДММ “Аштфруд” машғул буда, онҳо ҳосили рӯёнидаи худро коркард менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи апрел ба ноҳияи Ашт сафари корӣ доштанд, зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки Ашт иқлими гарму ба парвариши растании хуч мутобиқро дорост. Аз ин рӯ, бояд танҳо бо парвариши ин растании шифобахш маҳдуд нагардида, балки инчунин корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда, ба истеҳсоли нӯшобаю қиёми хуч машғул шаванд, ки он аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки хуч ҳамчун гиёҳи шифобахш дар байни мардум машҳур гардидааст.

Дар ҳақиқат хусусиятҳои шифобахшии растании хучро дар замонҳои қадим, дар асри IV то милод дар китоби “Таърихи тиб”‐и худ Теофраст қайд намудааст. Он аз насл ба насл, аз як китоб ба китоби дигар сарчашма гардида, то замони мо омада расидааст. Дар китоб роҳҳои истифодаи хуч, оид ба истифодаи хуч ба сифати хокаи дандоншӯӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд. Изҳор кардааст, ки хуч дар мустаҳкам намудани милки дандон истифода мешуд. Дар мамлакати Россия меваҳои хучро барои пешгирии хунравии милки дандон ва табобати ҷароҳат истифода мебурданд. Дар асрҳои ХVI‐ХVII барои тайёр кардани меваи хуч ҳатто гурӯҳҳои махсус ташкил намуда, ба шаҳри Оренбург мефиристоданд.

Ҳангоми ҷанги байни туркҳо ва русҳо дар беморхонаи якуми ҳарбӣ дар шаҳри Маскав ба маҷрӯҳон ҷиҳати қувват бахшидани табобат “патокаи свороборини” медоданд. Ин анъанаро ба ёд оварда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо истифода аз чойҳои меваи хуч ҷароҳати маҷрӯҳонро табобат мекарданд. Меваи хушки хуч ҳамчун меваи табобатӣ дар Самарқанду Бухоро ҳанӯз дар асри ХV маълуму машҳур буд. Он вақтҳо меваҳои хушки хуч хеле нархи баланд дошта, бо иҷозати махсус танҳо барои шахсони мӯътабар мешуду халос. Хусусияти шифобахши растании хучро ба инобат гирифта, солҳои охир натанҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровони хуч, балки коркарди он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Тоҷиддин Насриддинов, муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят зимни сӯҳбат изҳор кард, ки дар ҳудуди хоҷагӣ фаъолияти сехи коркарди хуч ба роҳ монда шудааст, ки дар он нӯшоба ва ҳам мураббои ин растаниро омода месозанд. Соли равон 60 ҳазор шиша маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои саломатии мардум манфиатовар аст. Ба маҳсулоти омодакардаи мо талабот хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, ният дорем, иқтидори коркардро васеъ ва соли оянда истеҳсоли нӯшобаҳои хучро зиёд намуда, натанҳо вилояти Суғд, балки сокинони ҷумҳуриро низ таъмин намоем ва ба хориҷи кишвар онро ирсол кунем. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд низ дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Онҳо ҳар сол ба таври плантатсия ва ё раддабандӣ дар кӯҳҳо хучро мекоранд. Соли 2022 дар бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хоҷагии ҷангали вилоят дар маҷмуъ 100 тонна растании хуч рӯёниданд.

Онҳо майдони кишти хучро доранд ва пайваста дар куҷое, ки замини холиву ҳамвор аст, ба он ҷо онро кӯчат менамоянд. Айни ҳол дар 33 гектар қаламчаи хучро шинониданд. Дар Муассисаи хоҷагии ҷангали шаҳру навоҳии вилоят низ дар ин самт корҳои зиёд ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ашт дар майдони 15 гектар ин намуди растанӣ парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо кишоварзон кӯшиш доранд, ки парвариши замини хучро зиёд намуда, барои коркарди ин маҳсулот дар ҳудуди вилоят чораҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи маълумоте, ки аз сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаммад Бахтиёрзода ба мо дастрас гардид, дар шаҳри Исфара низ се корхона ба истеҳсоли нӯшобаҳо машғул аст. Инҳо ҶДММ “Экофрут”, ҶДММ “Нурфут” ва ҶДММ “Чилфрукт” мебошанд. Рӯзҳои наздик як корхонаи коркард дар ноҳияи Деваштич ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh