ПОДОШИ ЗАҲМАТИ ДЕҲҚОН

Шаҳристон яке аз ноҳияҳои картошкапарвари кишвар маҳсуб ёфта, барои кишт ва истеҳсоли картошкаи хушсифат иқлими мувофиқро дорост. Ҳамин аст, ки имрӯз картошкаи хушсифати истеҳсолнамудаи кишоварзони шаҳристонӣ дар бозорҳои вилоят харидорони зиёдеро пайдо кардааст. Дар асоси барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳия аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта буданд. Алҳол дар ноҳия 12 адад кооперативи истеҳсолӣ, беш аз 2 ҳазор адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои сармутахассиси бахши кишоварзии ноҳия Шариф Ёрмаҳмадов майдони умумии заминҳои ноҳия 13328 гектар буда, аз он 4345 гектарро заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

Деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия дар заминҳои обӣ кишти картошка, сабзавот, полезиҳо ва меваро ба роҳ монда, бо истифода аз корҳои агротехникӣ ҳосили хуб ба даст меоранд.

Соли 2023 картошкапарварони ноҳия дар майдони 1457 гектар кишти картошка гузарониданд. Алҳол маъракаи ҷамъоварии ин навъи зироат ҷараён дошта, ба санаи 14 – уми сентябри соли равон беш аз 30 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳосилнокии картошка имсол аз 250 то 300 сентнерро дарбар мегирад,‐ гуфт Шариф Ёрмаҳмадов.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони кишти картошка ва аз ин лиҳоз зиёд намудани истеҳсоли он ва мӯътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои кишвар дар ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои зиёд амалӣ гардида, тайи соли охир масоҳати кишти картошка бамаротиб зиёд гардида истодааст.

Соли гузашта деҳқонони ноҳия дар майдони 1140 гектар кишти картошкаро ба роҳ монда, бо истифода аз корҳои агротехникӣ ва истифода намудани нуриҳои минералии мувофиқ ба ин навъи зироат 45 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд.

Картошкапарварон асосан тухмиҳои навъҳои «Алладин», «Пикассо», «Овчӣ» ва дигаронро кишт намуда, ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд.

Таҳлилҳои ҳамешагии мутахассисон собит месозад, ки иқлими ноҳияи Шаҳристон барои парвариши картошка муносиб буда, минбаъд деҳқонони ноҳияро мебояд, ки барои машғул шудан ба ихтирои тухмиҳои хушсифати ватанӣ ва ба талабот ҷавобгў кӯшиш намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh