Дар Боғи ботаникӣ ва Қалъаи Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабз, нодир ва мевадиҳанда шинонида шуд
- Details
- Published on Saturday, 24 February 2024 18:13
Имрӯз дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 600 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва нодир шинонида шуд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок карда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати нигоҳубини доимӣ ва боз ҳам зиёд намудани номгӯи дарахтон дар Боғи ботаникии Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароитҳои сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.
Мувофиқи баҳисобгирии соли 2021 дар ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд 160 намуд дарахтону буттаҳои гуногун ба миқдори умумии 3181 бех мавҷуд мебошад. Дарахтону буттаҳои боғи номбурда тибқи мониторинги экологӣ дар давраи сабзиши солона аз 324000 кило то 756 000 кило гази карбонро фурӯ бурда, 486000 кило то 540 000 кило оксигени тозаро ба ҳавои атмосфераи шаҳри Хуҷанд ворид менамояд.
Ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд ба қитъаҳои флористикии набоботи Баҳри Миёназамин, Аврупо ва Сибири Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ тақсим карда шуда, инчунин аз ниҳолхона, парваришгоҳи ниҳолҳо, минтақаи растаниҳои шифобахш, қитъаи парвариши намуд ва навъҳои садбаргу савсан ва гамрхона иборат мебошад.
Аз ҷониби ҳашарчиён ниҳолҳои намуди сарви ҳамешасабз, санавбар, нахл, ардач, сарвинози шоҳӣ, сарвинози ғарбӣ, ақоқиёи шоҳӣ, анор, сиркодарахт, бирючинаи ҷилодор ва ниҳолҳои нодир шинонида шуд.
Сипас, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд низ дарахтони хамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд