Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид карда, бо нархи маҳсулот аз наздик шинос гардид. 

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзон ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоии нисбатан арзонро пешниҳоди сокинон намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh