Фаровонҳосилӣ аз дастранҷи деҳқон аст!
- Details
- Published on Monday, 22 July 2024 09:22
Бино ба иттиллои масъулини Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 5343070,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 13,1 фоиз зиёд шудааст. Ҳамагӣ дар хоҷагиҳои вилоят то 1-уми июли соли 2024 дар майдони 468,5 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоиз зиёд шудааст.
Фасли тобистон айёми ҳосилғундории дастранҷи кишоварзон аст, ки дар ин фасли сол мағозаву бозор, раставу дӯконҳои сарироҳӣ аз меваҳои шаҳдбор фаровон аст. Ҳамасола дар ин мавсим занону бонувон баҳри захираи зимистон аз меваву сабзавоти пухтарасида консерваҳои гуногун омода мекунанд. Аксар барои харидани меваву сабзавот ба бозори марказии шаҳри Хуҷанд “Панҷшанбе” равона мешаванд, зеро дар ин мавзеъ деҳқонони асил дастранҷи худро бо нархи арзон ба фурӯш гузоштаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки аксар сокинон барои дастарс кардани маҳсулоти лозима бегоҳ ба бозор мераванд, зеро рӯзона имконият надоранд. Ин навбат мо низ тасмим гирифтем берун аз соати корӣ, яъне бегоҳ ба бозори Панҷшанбе раҳсипор шавем.
Ақрабаки соат 19 – и бегоҳро нишон медод, майдони Регистони назди масчиди Шайх Маслиҳаддин нақлиёти боркашонии хурду миёна зиёд буд. Дар назди нақлиёт маҳсулоти шаҳдбор ба монанди ангуру шафтолу, зардолуву себ, олучаву гелос, харбузаву тарбуз, зомбучаву қулфинай ва дигар меваҳо ба фурӯш гузошта шуда буд. Маҳсулот ба тарзи яклухту чакана фурӯхта мешуд. Нархҳо низ гуногун буданд, масалан як дона тарбуз 10 - 20 сомонӣ, як дона зомбуча 4 – 6 сомонӣ, як дона харбуза 15 – 25 сомонӣ, як килограмм себ 7 – 10 сомонӣ, як килограмм нок 10 – 15 сомонӣ, як килограмм гелос 20 – 25 сомонӣ, як килограмм олуча 5 сомонӣ, як килогармм олу 3 – 5 сомонӣ, як килограмм малина 15 – 17 сомониро ташкил медод.
Дар назди яке аз нақлиёти ба регистон воридшуда дохили сатилҳои ҳаҷмашон калон шафтолу ба тарзи яклухт ба фурӯш гузошта шуда буд. Нархи шафтолу 5 сомонӣ буда, барои захираи зимистона дар дохили банкаҳои шишагин низ пешбинӣ шудааст.
- Бори аввал аст, ки бо ин намуди соҳибкорӣ машғул ҳастам. Бо кишоварзоне, ки боғҳои калони мева доранд тариқи шартнома меваҳои пухтарасидаро харида, ба бозори Панҷшанбе меорам. Ба маҳсулоти харидашуда сӯзишвории истифодашуда ва сатили харидаамро зам карда, ба харидорон ба тарзи яклухт пешниҳод мекунам.
Гоҳҳо савдо хеле хуб аст ва дар давоми 4 – 5 соат аллакай тамоми маҳсулоти воридкардаамро мефурӯшам, дар баъзе маврид шумораи харидорон кам ё маҳсулот хеле фаровон аст, дар ин ҳолат савдо каме тӯл мекашад. Вале рӯҳафтода намешавам, зеро то субҳгоҳон низ дар ин ҷо харидорон зиёданд, - гуфт фурӯшандаи шафтолу Маҳмудбеки 20 сола.
Ин навбат дар бозор ангури ба ном “пешпазак” хеле зиёд буд. Ангурҳо дар дохили қуттиҳои пластмасин зебо чида шуда буданд. Кас аз дидани ангурҳои сиёҳ ҳаловат мебурд. Ангур низ ба таври яклухт ба фурӯш гузошта шуда, нархи як килограмми он 7 сомонӣ буд.
- Ин навъи ангур шираи баланд надорад, маззаи он трушак буда, аксар барои тӯю маърака мехаранд. Ин навъи ангур зуд нобуд намешавад, зеро донаҳояш нисбат ба навъҳои ангурҳои дигар каме мустаҳкамтар аст. Аз ин лиҳоз агар ангур зуд ба фурӯш наравад он қадар асабонӣ намешавам. Ҳамчунин мо имконият дорем ангурро ба таври яклухт ба савдогарони дар бозор ба таври чакана мефурӯшанд дастрас карда, баъдан маблағашро гирем, - гуфт фурӯшандаи ангури барвақтӣ Файзалӣ.
Тақрибан як соати мушоҳида нишон дод, ки бархе аз савдогарон маҳсулоти тариқи нақлиёт воридшударо ба таври яклухт харида, ба болояш ду – се сомонӣ ҷамъ карда, ба таври чакана мефурӯхтанд, зеро на ҳар нафар имконияти як сатил маҳсулот хариданро дорад. Шафтолуе, ки ба таври яклухт 5 сомонӣ аст, ба таври чакана 8 – 10 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд.
- Шабонарӯзӣ дар бозор бо фурӯши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ машғул ҳастам. Наздик 7 сол мешавад, ки дар ин ҷо фаъолият дорам. Тариқи хариду фурӯш зиндагиамро пеш мебарам. Барои кӯмак хоҳарамро даъват кардам. Акнун ҳамроҳи хоҳарам бо навбат савдоро пеш мебарем. Агар ман рӯзона савдо кунам ӯ шабона меистад, зеро барои як нафар шабонарӯзӣ кор кардан мушкил аст. Ҳоло шафтолуро тариқи яклухт бо нархи 5 сомонӣ харида, ба болояш каме нарх зам карда, фурӯхта истодаам.
Баъзе харидорон мекӯшанд, ки онро арзон дастрас кунанд ва ё дар баъзе маврид харидорон кам ҳастанду ноилоҷ бо нархи харида арзон мефурӯшем, зеро дар ин фасли гармо меваҳо зуд нобуд мешаванду фурӯшандагон низ зарар мебинанд. Дар баъзе маврид маҳсулоти ба фурӯш нарафтаро бо худ ба хона бурда, ягон намуди консерва омода мекунем, дар ин маврид захираи зимистон низ омода мешавад, - гуфт савдогарзани 50 сола Сабоатхон.
Ба ҷуз савдогарони доимӣ фурӯшандагоне, ки дар ҳавлии худ маҳсулоти кишоварзӣ парвариш кардаанд, дастранҷи худро ба фурӯш оварда буданд. Байни фурӯшандагони зиёд пирамарде дар ду сатилчаи хурдакак шоҳтут мефурӯхт. Арзиши як килограмм шоҳтут 20 сомонӣ буд.
- Дар ҳавлии истиқоматиам ду дарахти шоҳтут дорам ва ҳамасола як қисми ҳосили онро ба бозор барои фурӯш меораму як қисми дигарашро ба фарзандонам медиҳам.
Фарзандонам аз шоҳтут компоту мураббо барои зимистонгузаронӣ захира мекунанд. Ин навъи маҳсулот хусусияти табобатӣ ҳам дорад, зеро агар шоҳтутро дар фасли гармо ба бадани кӯдак молем, дар фасли сармо ба бемории зуком гирифтор намешавад, - гуфт Аҳмадбойамак.
Боиси нигаронист, ки шумораи дарахти ин навъи мева, яъне шоҳтут сол то сол тамоюли камшавӣ дорад. Ҳоло дар бозор миқдори ин намуд мева қариб дида намешавад. Шояд аз ин сабаб нархи шоҳтут нисбат ба дигар меваҳо хеле гаронарзиш аст.
Боиси зикр аст, ки ба ҷуз меваҳои шаҳдбор дар ин мавзеъ сабзавот низ фаровон буда, бо нархи арзон дастарси аҳолӣ мегардад. Картошкаву сабзӣ, пиёзу боимҷон, қаланфури бурғориву караму сирпиёз низ ба фурӯш гузошта шуда буд.
Азбаски дар ин вақти соат аллакай дохили бозори “Панҷшанбе” маҳкам аст сокинон имконият доранд бе мамониат ин намуд маҳсулотро аз назди Регистон харанд. Маҳсулоти сабазавотӣ асосан ба таври чакана ба фурӯш гузошта шуда буд ва нархи як килограмм картошка 4,5 – 5 сомонӣ, сабзӣ 3 – 4 сомонӣ, пиёз 1 – 1,5 сомонӣ, помидор 2 – 2,5 сомонӣ, бодаринг 4,5 – 5 сомонӣ аст.
Миқдори помидор дар бозор хеле зиёд буд ва нархаш низ арзону дастрас, аз ин лиҳоз харидорон кӯшиш мекарданд ин навъи маҳсулотро бештар харида, барои зимистонгузаронӣ консерваҳои гуногун омода созанд.
- Ин бегоҳ тасмим гирифтам, ки барои харидани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Панҷшанбе оям. Ҳоло дар бозор ҳосил фаровон ва нархҳо низ хеле арзон аст. Аз помидор навъҳои гуногуни консерва омода кардан мумкин аст, ҳоло 50 килограмм помидорро харидам ва аз он хамираи помидорӣ, афшураи помидорӣ, лечо ва жгучка омода мекунам. Ҳамчунин барои консерва се сатилча қулфинайро харидам, ки як килограмми он 17 – 20 сомонӣ аст. Аз қулфинай мураббо ва афшура тайёр карда, дар фасли сармо аз шаҳдҳои фасли тобистон хоҳем чашид. Зеро дар фасли зимистон барои организми инсон витаминҳои гуногун лозим аст, - гуфт харидорзан Шоирабону.
Бозори марказии “Панҷшанбе” ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ фаъолият дораду то ба имрӯз ҳамчун бозори серодам шӯҳрат ёфтааст. Имрўз дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҳашт бозори дигар фаъолият мебарад, ки «Афросиёб», «Бадри Мунир», «Шарқ», «Ҳоҷӣ Абдулазиз», «20-солагии Истиқлолият», «Афғонбозор», «Баҳор», «Панҷшанбе» аз ин қабиланд.
Дар назди бозорҳо намояндагони идораҳои бойторӣ, санитарию эпидемиологӣ, «Тоҷикстандарт», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шуъбаи савдои шаҳри Хуҷанд фаъолият доранд. Дар бозори Панҷшанбе асосан маҳсулоти кишоварзӣ ба фурўш гузошта шуда, нархи он нисбат ба дигар бозорҳои вилоят арзон аст. Ҳоло бозор шабонарўзӣ фаъолият бурда истодааст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»