Вохӯрии масъулони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
- Details
- Published on Wednesday, 31 July 2024 14:30
Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов пас аз мулоқот бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.
Меҳмонон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, нашъунамои зироатҳо шинос гардиданд. Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, кишоварзон барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд. Ҷонибҳо бо истифода аз таҷрибаи пешқадам метавонанд барои истеҳсоли гандуми тухмӣ, бунёди боғҳои суперинтенсивӣ, обёрии қатрагӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.
Аз ҷониби масъулони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии мамлакат доир ба захираву имкониятҳо ба меҳмонон маълумот дода шуд.
Сипас, дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзии ду кишвар вохӯрии судманд доир шуда, тарафҳо барои тақвияти ҳамкорӣ баҳри таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд