Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод

Дар ноҳияи Зафаробод ба масъалаи сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обрасон ба мавсими киштукор таваҷҷуҳ равона шуда, бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.

Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод имсол боз ҳам беҳтар гардида, заминҳои корам самаранок истифода карда мешаванд.

Масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати кишоварзӣ ва масъулини мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар самти таъмири каналҳо, сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкаш тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2024 бо мақсади сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз буҷети вилоят 3 миллион сомонӣ равона гардида, илова бар ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо харҷи 15 миллион сомонӣ як агрегати нав ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” дастрас карда шуд, ки ин ғамхорӣ барои беҳтар шудани обёрии заминҳо мусоидат намуд. Аснои боздид ва суҳбат бо мутахассисон роҳбари вилоят барои фаъолияти пурсамар, омода намудани иншооти обрасон ба мавсими нав ба онҳо миннатдорӣ баён намуда, зарур шуморид, ки чунин мутахассисони варзида барои оянда шогирдони худро тарбия намоянд. Зеро пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод аз манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ буда, рушди соҳаи кишоварзӣ аз фаъолитяи муназзами онҳо вобаста аст. 

Дар ноҳияи Зафаробод шудгори заминҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ заминҳо шудгор ва барои рӯёнидани ҳосили фаровон замина гузошта мешавад.

Раиси вилоят зимни мушоҳидаи корҳо ба масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, масъулини соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ва дигар мутасаддиён дастур дод, ки соли равон таҷрибаи пешрафтаи пахтакоронро дар амал ҷорӣ намоянд. Кишти пунбадона дар зери плёнка, истифодаи тухмиҳои серҳосил, риояи муҳлати оптималии кишт, таъмини оби полезӣ, шудгори босифтаи замин аз омилҳои фаровонҳосилӣ маънидод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh