Буриш ва башаклдарории дарахтони мева дар фасли зимистон
- Details
- Published on Friday, 07 February 2025 10:01
Ҳамасола барои беҳбуди нашъунамои дарахтон, ҳосилнокӣ ва зебогии муҳити атроф вобаста ба мавсим башаклдарорӣ ва буриши дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ гузаронида мешавад. Ба шаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон, яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ мебошанд, ки ин раванд барои беҳбудиву нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебогии муҳити гирду атроф амалӣ мегардад.
Мудири шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварӣ ва боғдории интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои кишоварзӣ Муҳиддин Абдуллоев бобати иҷрои рафти корҳои кишоварзӣ дар мавсими кунуниро шарҳ дода афзуд, ки шаклдиҳӣ ва буриши дарахтони мевадиҳанда аз тадбирҳои асосии агротехникӣ мебошад, ки барои танзими раванди сабзишу инкишофи дарахтон ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати меваи он нақши муҳим мебозад. Буриши дарахтон се намуд мешавад: ба шаклдарорӣ, санитарӣ ва ҷавонкунӣ. Дар давоми се соли аввали баъди бунёди боғ буриши башаклдарории дарахтон гузаронида мешавад. Баъд аз он буриши санитарӣ гузаронида, зимни он асосан навдаҳои осебдида, ба якдигар халал расонида, сармозада, инчунин шохаҳою навдаҳои дарахтон барои ба танзим овардани шакли он бурида мешавад.
Буриши ҷавонкунии дарахтон дар боғҳои куҳансол, ки дар онҳо ҳосилнокии дарахтон паст ва ба касалиҳо дучор шудааст, барои аз нав ҷавонкунӣ бо буридани шохаҳои асосии баъд аз пояи дарахтон бо гузоштани 30-40 см буридани шохаҳои асосӣ гузаронида мешавад.
-Муҳлати буриши дарахтони мевадиҳанда мувофиқи тақвим муайян карда намешавад, Зеро баъзе солҳо тирамоҳ барвақт ва давраи гулкунии дарахтон дер меоянд. Аз ин лиҳоз аз таҷрибаҳои гузаронидаи корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба давраи оромӣ рафтан, яъне 60 фоизи барги (хазон) дарахтон рехтан буришро оғоз намуда, то давраи варамкунии муғчаҳо, яъне бедоршавии дарахтон давом додан мувофиқи мақсад мебошад.
Буриши дарахтон дар ҳарорати сардии -2-50 С манъ аст. Ҳангоми вазиши шамоли сахт ва намнокии баланд дар ҳарорати -20С ва агар ҳаво хушки офтобӣ бе шамол ва намнокӣ кам бошад то -50С буриш гузаронидан мумкин аст. Дар ҳарорати аз ин зиёд сардӣ, буриши дарахтони мевадиҳанда ман карда мешавад. Зеро, ки дар натиҷаи гузаронидани буриш дар ҳарорати аз -50 С зиёд навдаҳои дарахтон ях баста дар вақти буриш навдаҳо кафида осеб мебинанд ва дар ин тарқишҳо дар вақти нашъунамо ҳашароту тухм ва ҳуҷайраҳои касалиҳо дохил шуда, таъсири манфии худро мерасонанд, ки боиси касалшавӣ ва хушкшавии онҳо мегардад.
Пеш аз оғози буриш ва башаклдарории дарахтон якум ба реҷаи нишаст, тагпайванд (тагреша), намуд ва шакли дарахт, фарқияти навдаҳои мевадиҳанда ва мева намедода аҳамият додан лозим мебошад, ки дар натиҷаи баҳисоб нагирифтани чунин омилҳо, аз xумла буриши нодурусти шохаҳо ба ҳосилбандии дарахтон таъсири манфӣ мерасонад, -мегӯяд М.Абдуллоев.
Инчунин истифодаи асбобу айёниятҳои махсуси боғи бо теғи бурро (тез) ва баъд аз ҳар анҷоми кор бо маҳлули спирт тоза намудани теғи асбобҳо барои паҳн нагаштани касалиҳо тавсия дода мешавад. Ҳамасола гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ ба танзим даровардани шоҳаҳои дарахтони мевадиҳанда ва муҳайё сохтани шароит барои ба қабати шохсори дарахтон даромадани равшанию нури офтоб, гармӣ ва ҳаво, шамолгузар намудани шоҳаҳо ин боиси дарозумрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии ҳарсола ва сифати мева, калон гардидани ҳаҷми мева гашта, инчунин дар натиҷаи дуруст гузаронидани буриш ва башаклдарории дарахтон касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон кам мегарданд.
Дар вақти гузаронидани буриш вобаста ба шакл навда ва шохаҳои ҳосилдиҳанда дар масофаи на кам аз 30 см, яъне озод бояд ҷойгир карда шавад. Намуди ба шаклдарории дарахтон хело зиёд буда дар ҷумҳурии мо асосан шаклҳои муқаррарии тeдашоха, қабат ба қабат, косашакл ва меҳваршакл (веретино), палметта гузаронида мешавад, ки ба дарахтони боғҳои меваи донакдор қабат ба қабат ва косашакл ва ба дарахтони мевадиҳандаи тухмдорони интенсивӣ аз ҳисоби зич ҷойгиркуни ниҳолон меҳваршакл ва палметта тавсия дода мешавад.
Дар натиҷа аз соли якуми бунёди боғ корҳои башаклдарорӣ ва буриш нагузаронидани дарахтон бо шохаҳои асосии лозима пурра нагашта, рост ва амудӣ сар кашида, мисли ҷорӯб қунҷи шохаҳои асосии онҳо тез мегарданд, ки дар натиҷаи фаровонҳосил шудан шоҳаҳои бо кунҷи тез сабзида мешикананд ва ҳосилнокиашон сол аз сол кам гашта дар қисми поёни дарахтон навдаҳои ҳосилдиҳанда хушк мегарданд. Дар қисми болои шохсори дарахтон шохаҳо зиёд мегарданд ва ба чунин дарахтон шароити паҳн гаштани касалӣ ва ҳашароти зараровар бисёр гашта, ҳосил ва меваи дарахтон хурду пастсифат мешаванд. Баъд аз гузаронидани буриши дарахтон барои осеб нарасонидани ҳашаротҳо ба ҷойҳои буридашуда молиданиҳои равғани махсуси боғот тавсия дода мешавад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”