Бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар шаҳри Исфара
- Details
- Published on Monday, 17 March 2025 16:23
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои зиёд намудани масоҳати боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, деҳқонон ва кишоварзони шаҳри Исфара, ки таҷрибаи бой дар парвариши меваҳои шаҳдбор, аз қабили зардолу, шафтолу, сиёҳолу ва дигар навъҳои меваро доранд, барои татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат иқдом гирифтаанд, ки дар заминҳои бекорхобидаи Ҷамоати деҳоти Нурафшон 600 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд намоянд.
Бар асоси лоиҳаи муаррифишуда дар ин минтақа 600 гектар боғи зардолу, сиёҳолу, себ, писта, бодом, шафтолу гелос, ангур бунёд карда мешавад.
Боғҳои нав аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Исфара бунёд гардида, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда аз ҳоҷагиҳои ниҳолпарварии вилояти Суғд ва хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд. Барои обёрии заминҳои бекорхобида хати об ба масофаи 3,5 км кашида хоҳад шуд.
Дар минтақаи мазкур беш аз 2 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида мавҷуд буда, бо супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода масъулини соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорон вазифадор гардиданд, ки истифодаи самараноки ин заминҳоро таъмин намоянд.
Бо иштироки Раиси вилоят ва бо истифода аз техникаҳои махсус раванди ҳамворкунии заминҳои талу теппа барои бунёди боғи интенсивӣ ва суперинтенсивии "Истиқлол" оғоз гардид.
Бунёди боғҳои нав на танҳо ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад, балки рушди иқтисоди маҳаллро тақвият бахшида, барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд беш аз 81681 гектар боғ мавҷуд буда, дар доираи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ҳамасола садҳо гектар боғи нав бунёд карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд